Табрикоти раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба
Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки дар фазои орому созандагии Ватани азизамон, бо дастгирӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола санаи 24-уми октябр ҳамчун Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ин сана ба як ҷашни муҳим ва рамзи ваҳдату ҳамбастагии мо, кормандон ва аъзои иттифоқҳои касаба табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, кулли аъзои Иттифоқҳои касабаи вилоятро бо ин Иди касбӣ самимона табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, комёбиҳои беназир ва тансиҳатӣ орзу менамоям.
Пешвои муаззами миллат, ки рушду пешрафти ҷомеаро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор додаанд, пайваста таъкид менамоянд, ки «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд».
Ин дастури ҳикматомези Сарвари давлат ба мо, кормандони соҳа, аз як тараф неруи тозаи амал мебахшад ва аз ҷониби дигар масъулияти азими моро дар назди ҷомеа ва миллат дучанд мегардонад. Воқеан, Иттифоқҳои касаба дар пешрафти хоҷагии халқи кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон, мисли дигар созмонҳову ташкилотҳо, саҳми шоиста дошта, обрӯву нуфузи хешро маҳз ба шарофати ғамхорӣ ва ҳамкории наздик бо мардум, хоса синфи коргару деҳқон, ба даст овардааст.
Истиқлоли давлатӣ ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба на танҳо неруи тоза ва вазифаҳои муҳим, балки усулҳои нави корбариро низ ато кард. Маҳз дар тӯли ин солҳои соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин гардид, ки он заминаи мустаҳкамро барои болоравии сатҳи иҷтимоиёт фароҳам овард.
Инак, аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сию панҷ соли пурфайзу бобарор сипарӣ гардид. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар сохтмони давлатдории навин ба дастовардҳои шоён ноил гардида, ҳоло дар шоҳроҳи бузурги ҷомеасозӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Дар ин ҷодаи тақдирсоз саҳми Иттифоқҳои касаба, бахусус кормандони ин ташкилоти бонуфуз дар ҳамаи корхонаву хоҷагиҳои вилоят, назаррас буда, фаъолияти онҳо густурдаву ғановатбахш мебошад.
Таъкидҳои Пешвои муаззами миллат дар вохӯриҳо бо намояндагони иттифоқҳои касаба, ки онҳоро ҳамчун ташкилоти калонтарину бонуфузи оммавӣ вазифадор намудаанд, рисолати моро дар асоси принсипҳо ва арзишҳои миллӣ, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, татбиқи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд, боз ҳам равшантар месозанд.
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи кишвар, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии иҷтимоию иқтисодии кормандон, назорати риояи қонунгузории меҳнат ва ҳифзи меҳнат, фаъолияти софдилонаву суботкоронаро ба роҳ монда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Бори дигар кулли аъзои иттифоқҳои касабаро бо Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо – ҳамкорони арҷманд, барори кор, саодатмандиву пирӯзиҳо ва осмони соф таманно дорам!
Шарифулло АБДУЛЛОЗОДА,
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд
Тоҷикӣ
Русский
English 

