Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 9 окт. 2026
14.6°C

Худжанд

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАКМИЛИ МАЛАКАҲОИ  КОР БО БАРНОМАИ «1С: МУҲОСИБОТ»

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАКМИЛИ МАЛАКАҲОИ КОР БО БАРНОМАИ «1С: МУҲОСИБОТ»

Санаи 30 сентябри соли 2026 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд семинари омӯзишӣ оид ба такмили малакаҳои муҳосибӣ ва истифодаи барномаи «1С: Муҳосибот» баргузор гардид.

Дар семинар сармуҳосибон ва муҳосибони кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи вилоят иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки барномаи муҳосибӣ ва дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Семинари омӯзиширо раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият фаъолияти муҳосиби бояд дар асоси Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон       «Дар бораи баҳисобгирии  муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» амалӣ карда шавад. Бинобар ин ҳар як ташкилоти ҳамузвро зарур аст, ки фаъолияти худро бо муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқ созанд.

 Инчунин таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ истифодаи барномаҳои муосир дар пешбурди фаъолияти муҳосибӣ аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи раиси Шӯро, рақамикунонии равандҳои муҳосибӣ барои баланд бардоштани сатҳи назорат, дақиқии маълумот, шаффофияти амалиёти молиявӣ ва самаранокии фаъолияти сохторҳои иттифоқҳои касаба мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки семинари мазкур дар идомаи омӯзишҳои қаблан баргузоршуда гузаронида шуда, ҳадафи асосии он такмили донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии муҳосибон, баррасии масъалаҳои дар раванди истифодаи барномаи «1С: Муҳосибот» ба миён омада ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи имкониятҳои барнома мебошад.

Дар семинар сармуҳосиби Шўро Черняева Н.А. ва мутахассиси соҳаи барномасозии «1С: Муҳосибот» Сайдуллоев Исмоилҷон баромад намуданд. Дар ҷараёни семинар ба иштирокдорон оиди тарзу усулҳои тадбиқи барномаи «1С:Муҳосибот», тартиби иҷрои амалиёти муҳосибӣ, ворид ва коркарди маълумотҳо, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, ташаккули ҳисоботҳо ва истифодаи имкониятҳои иловагии барномаро бо мисолҳои амалӣ шарҳ дод.

Ҳамзамон, дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои марбут ба ислоҳи баъзе норасоиҳо ҳангоми ворид намудани маълумот, дурустии ҳисобҳои муҳосибӣ, тартиби таҳияи ҳисоботҳои зарурӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои барнома мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар қисмати амалии семинар байни иштирокдорон оид ба таҷрибаи истифодаи барнома, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо табодули таҷриба сурат гирифт.

Иштирокдорон дар рафти семинар саволҳои худро пешниҳод намуда, вобаста ба масъалаҳои амалии истифодаи «1С: Муҳосибот» ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом қайд гардид, ки корҳо дар самти такмили истифодаи барномаи «1С: Муҳосибот» дар сохторҳои иттифоқҳои касаба минбаъд низ идома дода мешаванд.