Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 26 окт. 2026
10.6°C

Худжанд

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА — ҲОМИИ МЕҲНАТКАШОН ВА ПУШТИБОНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА — ҲОМИИ МЕҲНАТКАШОН ВА ПУШТИБОНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

Дар вилояти Суғд Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо шукӯҳ таҷлил гардид.

21 октябри соли 2026 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 октябр таҷлил мегардад, маҳфили идона таҳти шиори «Иттифоқҳои касаба — ҳомии меҳнаткашон, пуштибони адолати иҷтимоӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарону фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳангу ҳунар ширкат варзиданд.

Маҳфил бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода зимни суханронии худ доир ба нақшу мақоми иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии кормандон, таҳкими шарикии иҷтимоӣ, беҳдошти шароити меҳнат ва дастгирии аҳли заҳмат андешаҳои худро баён намуд.

Дар суханронӣ махсус таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди муносибатҳои меҳнатӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фаъолияти босамари иттифоқҳои касаба заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву иҷтимоӣ фароҳам омадаанд.

Ҳамзамон, Шарифулло Абдуллозода аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дар самти таҳкими фаъолияти ташкилотҳои иттифоқӣ, ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашон ва баланд бардоштани нуфузи ҳаракати иттифоқҳои касаба ёдовар гардид.

Дар ин радиф, саҳми Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ, ҳамкории судманд бо ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, беҳтар намудани шароити меҳнат ва қадршиносии аҳли заҳмат махсус зикр шуд.

Раиси Шӯро ҳамчунин ба дастовардҳои ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилоят дар даврони Истиқлоли давлатӣ, фаъолияти кумитаҳои соҳавӣ ва вазифаҳои минбаъда таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки ҳимояи ҳуқуқи кормандон, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии меҳнаткашон аз рисолатҳои асосии иттифоқҳои касаба ба ҳисоб мераванд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон суханронӣ намуда, иштирокчиёни маҳфил ва тамоми кормандону фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилоятро аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфт.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияти иттифоқҳои касабаро ҳамчун шарики муҳими иҷтимоӣ дар ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон, ба нақши ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар таҳкими муносибатҳои солими меҳнатӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии корфармоён таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Яке аз қисматҳои ҷолиби маҳфил намоиши филми кӯтоҳи мустанад дар бораи фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд буд. Дар филм таъриху марҳилаҳои ташаккули ҳаракати иттифоқҳои касаба, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаъолияти имрӯзаи Шӯро ва кумитаҳои соҳавӣ, инчунин саҳми онҳо дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон инъикос гардид.

Дар идомаи чорабинӣ маросими қадршиносии соҳибҷашнон, собиқадорон ва фаъолони соҳа баргузор гардид.

Аз ҷумла, ба муносибати 65-солагии Олимхӯҷа Аллаев хизматҳои чандинсолаи ӯ мавриди арҷгузорӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, Нӯъмон Обидзода ба гирифтани нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Самъиддин Бобоев ба гирифтани нишони «Барои садоқат ба касби меъморӣ» мушарраф гардида, ин дастовардҳои касбии онҳо бо самимият истиқбол шуданд.

Дар ҳамин маросим як қатор фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди ҳаракати иттифоқӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Шоира Гулноз дар бораи қадру манзалати меҳнат, арҷгузорӣ ба заҳмати ҳалол, эҳтироми инсони меҳнаткаш ва ҷойгоҳи меҳнат дар ташаккули шахсияти инсон андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Шоира таъкид кард, ки меҳнати ҳалол на танҳо василаи таъмини рӯзгор, балки сарчашмаи обрӯву эътибор, худшиносӣ ва камолоти маънавии инсон мебошад. Арҷ гузоштан ба меҳнат, пеш аз ҳама, эҳтиром ба инсон, қадршиносии заҳмати ӯ ва пос доштани арзишҳои волои ҷомеа аст.

Гулноз дар идомаи суханронии худ як шеъри пурмуҳтаво қироат намуда, ба фазои маҳфил рӯҳу таровати адабӣ бахшид.

Қисмати дигари ҷолибу хотирмони чорабинӣ озмуни «Корманди беҳтарини иттифоқҳои касаба» буд, ки бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбӣ, тақвияти ҳисси масъулият, рушди малакаҳои ташкилотчигӣ ва ҳавасманд намудани кормандони ташкилотҳои иттифоқӣ баргузор гардид.

Иштирокчиён дар фазои рақобати солим донишу маҳорати худро оид ба таърихи ҳаракати иттифоқҳои касаба, қонунгузории меҳнат, ҳифзи ҳуқуқи кормандон, бехатарии меҳнат ва фаъолияти ташкилотҳои иттифоқӣ нишон доданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои озмун ҷойи аввалро Азимҷони Алӣ, масъули ҳифзи меҳнати коргоҳи «Зерновая компания», соҳиб гардид.

Ҷойи дуюм насиби Гулбаҳор Исмоилова, раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи беморхонаи №2-и Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид.

Ҷойи сеюмро Мунира Агзамова, раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, ишғол намуд.

Ғолибони озмун бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангии маҳфил бо ҳунарнамоии сарояндагон Олим Воҳидов ва Сироҷиддин Худоймерганов ҷилои тоза гирифт. Сурудҳои ватандӯстона ва ошиқона, инчунин таронаҳои тараннумгари меҳнату зиндагӣ ба иштирокчиён рӯҳияи идона бахшиданд.

Маҳфили идона дар фазои самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба заҳмати инсон ва қадршиносии хизматҳои фаъолони иттифоқҳои касаба ҷараён гирифт.

Ин ҳамоиш бори дигар нишон дод, ки иттифоқҳои касаба на танҳо ниҳоди ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон, балки мактаби ҳамбастагӣ, масъулияти иҷтимоӣ, эҳтиром ба шахсияти инсон ва арҷгузорӣ ба меҳнати ҳалол мебошанд.