БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ
Субҳи имрўз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят таҳти роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раисони кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули Шӯро иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба рафти таъмини иҷрои талаботи Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6 ва Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2026, №3, тадбиқи барномаи «1С:Бухгалтерия», ба низом даровардани баҳисобгирии муҳосибӣ, қарзи музди меҳнат, таъмини иҷрои қарорҳои Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти оинномавии иттифоқҳои касаба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Шӯро аз раисони кумитаҳои соҳавӣ ва дигар шахсони масъул оид ба ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи назорат ва масъулияти роҳбарони кумитаҳои соҳавӣ, риояи муҳлатҳои иҷрои супоришҳо, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои барномаи «1С:Бухгалтерия» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси Шӯро ба камбудиҳои ҷойдошта таваҷҷуҳ намуда, масъулонро вазифадор кард, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳ камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қарорҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти Федератсия ва Шӯро, инчунин беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти кумитаҳои соҳавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

