БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Санаи 13 октябри соли ҷорӣ раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода дар маҷлиси фаъолони шаҳри Панҷакент иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар маҷлис муовинони раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Шарифулло Абдуллозода ба масъалаҳои иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзим дарории муносибатҳои меҳнатӣ, риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6 бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатои кормандон ва пешгирии шули ғайрирасмӣ, ҷиҳати роҳандозӣ намудани аъзогии кормандон ба ташкилотои иттифоқи касаба ва бастани шартномаҳои коллективӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Таъкид гардид, ки риояи қонунгузории меҳнат, фароҳам овардани шароити муносибу бехатари меҳнат ва тақвияти ҳамкории роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо бо иттифоқҳои касаба заминаи муҳимми таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

