СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаҳои 10-11 сентябри соли 2026 дар доираи ҳамкориҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии меҳнат (МОТ) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тақвияти иқтидори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар самти таҳияи сиёсати меҳнат дар асоси далелҳо, пешбинии стратегӣ ва иштироки самаранок дар муколамаи иҷтимоӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар масъалаҳои мубрами рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон ва мутобиқшавии иттифоқҳои касаба ба тағйироти ҷаҳони меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни семинар иштирокчиён масъалаҳои зеринро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд:
-қарорҳои дар иҷлосияи 114-уми Конфронси байналмилалии меҳнат қабулгардида ва меъёрҳои байналмилалии меҳнат, аз љумла Конвенсияи 193 оид ба меҳнати шоиста дар иқтисодиёти платформавӣ, Қатънома оид ба муколамаи иҷтимоӣ; Қатънома оид ба рӯзномаи тағйирдиҳандаи соҳаи баробарии гендерӣ дар ҷаҳони меҳнат;
-иттифоқҳои касаба, дурнамои стратегӣ ва муколамаи иҷтимоӣ дар ҷаҳони тағйирёбандаи меҳнат;
-истифодаи маълумот ва нишондиҳандаҳои бозори меҳнат ҳангоми таҳияи сиёсати иттифоқҳои касаба;
-рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва шуғли платформавӣ – мушкилот ва имкониятҳои нав барои кормандон;
-тағйирёбии иқлим, гузариши одилона ва ташкили ҷойҳои кории «сабз»;
-пешбурди масъулиятноки фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар занҷираҳои ҷаҳонии таъминот;
-нақши меъёрҳои байналмилалии меҳнат дар пешбурди манфиатҳои кормандон;
-таҳияи дурнамои дарозмуддати стратегӣ ва муайян намудани афзалиятҳои стратегии ФИКМТ барои солҳои 2027–2030.
Дар рафти семинар иштирокчиён тавассути машқҳои гурӯҳӣ ва муҳокимаҳои интерактивӣ омилҳои асосии тағйирёбандаи бозори меҳнат, хатару имкониятҳои пешомада ва роҳҳои таҳкими нақши иттифоқҳои касабаро дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон баррасӣ намуданд.
Семинар барои баланд бардоштани дониш ва малакаи иштирокчиён, таҳкими иқтидори иттифоқҳои касаба ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба равона гардид.
Тоҷикӣ
Русский
English 

