Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 17 апр. 2024
23.6°C

Худжанд

РУШДИ ҲАМКОРӢ ВА ТАВСЕАИ ДӮСТӢ

РУШДИ ҲАМКОРӢ ВА ТАВСЕАИ ДӮСТӢ

Дирӯз бо даъвати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия Раиси Шӯрои иттифоқҳои касбаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода  ба шаҳри Екатеринбург сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст мулоқоти самимиву дӯстонаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия Ветлужский Андрей Леонидович ва Раиси Шӯрои иттифоқҳои касбаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода Бобоҷон дар бинои  Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск баргузор шуд. Дар доираи сафар  вохурии Абдуллозода Ш.Б бо  раисони кумитаҳои соҳавӣ сарварони зерсохторҳои иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск баргузор гардид. Дар ин вохўрӣ оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти дуҷонибаи иттифоқҳи касаба андешаронӣ намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолият муайян карда шуданд.  Инчунин дар ин вохўрӣ Меморандуми ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқи касабаи вилояти Свердловск ва Шўрои иттифоқи касабаи вилояти Суғд ба имзо расонида шуд.

Рўзи дуюм дар доираи сафари корӣ Ш.Абдуллозода дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 106-умин солгарди таъсиси ҳаракати иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, ки бо иштироки  роҳбарияти вилояти Свердловск ва шаҳри Екатеринбург, роҳбарияти муассисаҳои давлатӣ, ва бештар аз 500 нафар аъзоёни иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск  баргузор гардид, ширкат варзид. Дар радифи меҳмонон  Раиси  Шӯрои иттифоқҳои касбаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода Бобоҷон баромад намуда, аз тадбирҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Руссия Владимир Владимирович Путин  дар таҳкими дӯстии ду халқи дӯст ва бародар изҳори назар намуд ва салому паёми раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзодаро  ба ҳозирин расонид. Мавсуф зикр кард, ки ин сафари кории ҳайати иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар партави ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳои Суғду Свердловск сурат мегирад, ки дар саргаҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Свердловск  Куйвашев Евгений Владимирович меистанд. Ҳини суханронӣ ҳозиринро бо  106-умин солгарди таъсиси ҳаракати иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск муборакбод намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди  иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Свердловск ва Суғд  вусъат хоҳад ёфт. Мавсуф тӯҳфаи хотиравии аъзоёни иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро ба Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия Ветлужский Андрей Леонидович супорид.

Нимаи дувуми рӯз вохўрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода  бо роҳбарони Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия Андрей Ветлужский, Шарифулло Абдуллозода раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин вохўри инчунин намояндагони диаспораи тоҷикон дар вилояти Свердловск иштирок намуданд. Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минбаъадаи консулгарии Тоҷикистон бо иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Свердловск ва Суғд пешниҳоду дархостҳои ҷолиб баён гардиданд. Инчунин дар рафти вохўрӣ қайд гардид, ки тибқи созишномаи имзонамудаи ҳамкории дуҷонибаи  иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск ва вилояти Суғд минбаъд манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои вилояти Свердловск ва шаҳвардони Федератсияи Россия дар минтақаҳои вилояти Суғд аз ҷониби иттифоқҳои касабаи ин вилоятҳо  ҳифз карда мешавад. Инчунин дар доираи ҳамкориҳои иттифоқҳои касаба дар беҳдошти буду боши муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, ташкил намудани сафарҳои фарҳангиву эҷодии зиёиёну ҳунармандон, ривоҷ бахшидан ба дӯстиву рафоқат барномаҳои ҷолиб ба роҳ монда хаҳанд шуд.

Дар рўзи сеюми сафар  ҳайати иттифоқи касабаи вилояти Суғд бо фаъолияти маркази бозомўзӣ ва такмили ихисоси Федерасияи иттифоқҳи касабаи вилояти Свердловск шинос гардида, нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни марказ ва иттифоқи касабаи вилояти Суғд баррасӣ ва қабул гардиданд.

Сипас ба Институти илмӣ-тадқиқотии “Ҳифзи меҳнат”-и Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Россия воқеъ дар шаҳри Екатеренбург ташриф оварда, бо  фаъолияти он аз наздик шинос гардиданд.  Дар вохўрӣ бо роҳбарияти ин донишгоҳ тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар самти бозомўзӣ, баланд бардоштани дараҷаи ихтисос, дониш ва малакаи кормандони масъули иттифоқи касабаи вилояти Суғд ҳамкориро роҳандозӣ менамоянд.

Нимаи дуюми рўз сафари кории ҳайати иттифоқҳи касабаи вилояти Суғд дар шаҳри Асбести вилояти Свердловск идома ёфт. Дар вохўрӣ бо раиси шаҳри Асбест Тихонова Наталья Робертовна  оид ба фаъолияти  корхонаю ташкилотҳои шаҳр ва иттифоқи касабаи ин коргоҳҳо  дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ибрози ақида карда шуд.

Дар ҷараёни сўҳбат инчунин оиди фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Асбест, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сипас вохўрии Раиси Шўрои иттифоқҳи касабаи вилояти Суғд бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Асбест фаъолият доранд  баргузор гардид. Маълум гардид, ки шумораи хеле зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр фаъолияти меҳнатӣ доранд.  Ҳангоми вохурӣ иштирокдорон оид ба самтҳои фаъолият, манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии коргарон, бурду боши онҳо ва дигар масъалаҳои дахлдор ибрози ақида намуда, самтҳои минбаъдаи фаъолиятро муайян намуданд. Дар интиҳо аз номи диаспораи тоҷикон дар шаҳри Асбест ба Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки дастури ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистонро амали менамояд изҳори сипоси худро баён намуданд.

Инчунин ҳайати иттифоқи касабаи вилояти Суғд ба чорабинии тантанавӣ шаҳри Асбест бахшида ба “Рӯзи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми вохурӣ бо иттифоқҳои касабаи шаҳри Асбест ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Асбест  фаъолияти меҳнатӣ доранд иттифоқҳои касабаи шаҳри Асбест ҳифз менамояд.

Бо ҳамин сафари корӣ ба анҷом расид.