Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 11 мая. 2024
18.6°C

Худжанд

ПАЁМ БАРНОМАИ ОЯНДАСОЗ

Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки кормандони дастгоҳ ва кумитаҳои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.

ПЛЕНУМИ ШӮРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 27.12.2023 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, баргузор гардид. Дар Пленум натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баррасӣ гардид.

РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКА МУБОРАК!

Ҳамасола санаи 22-юми декабр барқчиёни мамлакат рӯзи касбӣ, яъне рӯзи энергетикҳоро таҷлил менамоянд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашт ва имрӯз он дар рӯшду нумуи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.

РАЁСАТИ ШЎРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи имруз дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид.

СЕМИНАРИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ

Дируз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд семинари илмӣ амалӣ – омӯзишӣ дар мавзӯи “Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ” баргузор гардид. Дар он кормандон ва мутахассисони соҳа, раисони иттифоқи касабаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони иттифоқи касаба ширкат доштанд.

ҶАЛАСАИ РАЁСАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 5 декабри соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Раёсати васеъи Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Раёсат ва кормандони дастгоҳи кумита иштирок доштанд.

Намояндагони кумитаи иттифоқи касабаи бахши хоҷагии манзилию коммуналии Русия ва гази Тоҷикистон

Санаҳои 20 – 24 ноябри соли ҷорӣ ҳайти намояндагони Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумита Раҷабов Умедҷон Саидшоҳович ба шаҳри Мински Республикаи Белорусия сафари корӣ доштанд.

МАҲФИЛИ ИЛМИВУ СИЁСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзӣ, сиёсатшиноси маъруф Абдуллои Раҳнамо, раиси уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва ходими давлатию ҷамъиятӣ Шуҷоат Ҳасанова маҳфили илмиву сиёсӣ баргузор гардид.

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

Дар Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти такмили ихтисос ва болоравии донишу малакаи кормандони масъул ва фаъолони иттифоқи касаба тадбирҳои зиёде амалӣ магарданд.

ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо иштироки муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзӣ ва мудири шуъбаи иқтисодӣ- иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ – Юнусов Ҷамшед Собирович ҷаласаи корӣ бо роҳбарону фаъолони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ва кормандони дастгоҳи Шӯро баргузор гардид.

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф чорабинии идона баргузор гардид.

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ

Баргузории Иҷлосияи ХVI дар Хуҷанд ниёзи ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки мебоист барои бақои миллат ва давлатамон таҳкурсии боэътимод мегузошт. Дар ҳамон вазъияти ниҳоят вазнин ва муташанниҷи мамлакат Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Кохи Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд доир гардид, ки сарнавишт ва роҳи ояндаи кишвари Тоҷикистонро муайян намуд.