Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 11 мая. 2024
18.6°C

Худжанд

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН МАШВАРАТИ КОРӢ ДОИР НАМУДАНД

8 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР ҶАШНИ ТИРГОН, ИДИ ЗАРДОЛУ ВА АСАЛ ИШТИРОК НАМУДАНД

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДЕҲОТИ «НАВБАҲОР»-И НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БО ҶАРАЁНИ НАШЪУНАМОИ ПОЛЕЗИЮ ЛӮБИЁГИҲО ВА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ШИНОС ШУДАНД

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19”, нашъунамои полезиҳо, лӯбиёгиҳо шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд ва бо масъулину мутахассисони соҳа ва кишоварзон суҳбат намуданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ «СИНО»-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” оғоз бахшиданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БО РАВАНДИ ИСТЕҲСОЛОТ ДАР ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «АРВИС ЗЕЛАЛ ТЕКСТАЙЛ» ШИНОС ШУДАНД

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД КОРГОҲИ КОРКАРД ВА ИСТЕҲСОЛИ КОНСТРУКСИЯҲОИ МЕТАЛЛИИ ҶДММ «СОХТМОНИ КАБИР»-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУБУРҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНИИ ҶДММ «МИРОБ»-РО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД

6 июл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мироб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД КОРХОНАИ КОРКАРДИ ҚОҒАЗ ВА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ПАЛИГРАФИИ ҶДММ «ПАПИРУС»-РО БА ИСТИФОДА ДОДАНД

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27 июн ба муносибати 26 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Пас аз садо додани суруди миллӣ Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ҳозирин ва кулли ҳамватанонро бо иди Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, ваҳдату осоиштагии сарзаминро неъмати бебаҳои ҳар як давлату миллат арзёбӣ намуд. “Бахусус ваҳдату суботи ҷовидонаи мо бо талошу ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, ин сана бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт гардидааст. “- таъкид гардид дар паёми шодбошии Раиси шаҳр.

РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон боздиди Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозодааз қисми низомии 04080

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШЎРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Фарорасии Рўзи Ваҳдати миллиро ба сокинони сарбаланди вилоят самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, рўзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоям.

Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбахшест, ки эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ, сулҳпарварӣ, меҳру муҳаббатро ба миллат бедор намуда, масъулиятро барои ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдат, Ватани ягонаи мо бештар мегардонад. Ин рўз барои ҳар фарди миллат ҳамеша паёми сулҳу оштӣ, ҳамдигарбахшӣ ва таҳаммулу дўстӣ аст. Таърихи соҳибистиқлолии кишвар нишон медиҳад, ки санаи 27-уми июни соли 1997 барои тамоми тоҷикистониён рўзи фаромўшнашаванда ва тақдирсоз маҳсуб меёбад.

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон сол ба сол ҳастии хешро дар олам пурзӯр намуда, ҳаёт аз нав ҷўш мезанад, шавқу завқи мардум баҳри созандагиву бунёдкорӣ рўз аз рўз бештар мегардад. Роҳҳои пурпечутоби ба даст овардани Ваҳдати миллиро тай кардан, бо сухан гуфтан ва иҷро кардан кори на ҳар як шахси оддӣ мебошад. Мо ба рўзи сулҳи пуршараф маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардидем.

Бояд қайд намуд, ки дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати асосиро ба масъалаҳои таъмини сулҳу оштӣ ва ризоияту ваҳдати миллӣ равона карда буданд. Ин масъалае буд, ки барои таъмини истиқлоли воқеӣ ва пешрафти кишвар дар шароити нав нақши калидӣ дошт. Бо ҳамин мақсад бо дастуру супоришоти Президенти мамлакат ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин нақшаҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дўст вохўрию машваратҳо сурат гирифтанд. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои бо роҳи осоишта, сиёсӣ ва тариқи гуфтушунид ҳал кардани ихтилофи мавҷуда, инчунин, масъалаҳои роҳу усулҳои ҳалли музокирот муҳокима шуда буданд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар яке аз чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ таъкид доштанд: «…асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пайдо гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Дар тафаккури ҳамаи табақаҳои ҷомеа як дигаргунии куллӣ падид омад».

Барои мо – шаҳрвандони ин кишвари босаодат ин санаи тақдирсоз басо муҳим ва рўзи муқаддасу фаромўшнашаванда аст.

Рўзи Ваҳдати миллиро барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёр табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо ва ба хонадонатон сулҳу суботи ҳамешагӣ таманно дорам.

Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак, дӯстони азиз!

ИСТИРОҲАТИ ОМЎЗГОРОН БА ОСОИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТ

Ҳамасола дар таътили тобистона омўзгорон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.