Модар – нури зиндагӣ

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар сол санаи 8-уми март “Рӯзи Модар” ҷашн гирифта мешавад.

Дар арафаи ҷашнгирии ин рӯзи бузург дар Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо иштироки занони фаъоли вилоят таҳти унвони “Модар – нури зиндагӣ” баргузор гардид.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи Модар шодбош намуд.

Дар чорабинӣ Шоираи Халқии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шоира Фарзона, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Абдураҳимзода М., мутахассиси пешбари маркази илмӣ — методии Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Усмонова Ф., Раиси кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд – Қодирова Ф., намояндаи маркази Амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд – Эмили Ландон,  устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, донишҷӯён-таҷрибаомӯзони факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони ВАО, кормандон ва собиқадарони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Абдураҳимзода М. – сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилояти Суғд – Усмонова Ф. таҳти унвони “Модар чароғи хонадон”, шоира Фарзона, Шоираи Халқии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд таҳти мавзӯи “Баҳори шеъри Камол”, “Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст” – бо чунин мавзӯъ  Қодирова Ф. – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Нақши занҳо дар пойдории сулҳ” Эмили Ландон — намояндаи маркази Амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд, “Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат” – таҳти чунин мавзӯъ Исматуллоев Ҳ. – роҳбалади шӯъбаи сайёҳии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ якчанд нафар кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз собиқадорони меҳнати муассиса аз тарафи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфарозида шуданд.

Бо хоҳиши иштирокдорон шоири ширинкалом, директори “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” – Раҳматов Б. дар васфи Зан-Модар аз ашъори тозаэҷоди худ қироат намуд.

Баромади ҳофизи хушилҳом, намояндаи Ансабли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иномҷон Каримов ба чорабинӣ ҳусни тозае бахшид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба модар, ҳурмату эҳтиром нисбат ба ӯ ва донистани қадру қимати модар дар ҳар лаҳзаи ҳаёт мебошад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *