ЧОРАБИНИИ КАЛОНИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон чорабинии идонаи маорифчиёни вилоят баргузор гардид. Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ Паёми табрикотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли нишаст расонд.

Зимни табрикот зикр шуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бонувонро ба ифтихори ин ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сарсабзиву саломатӣ, зиндагии бонишот, бахту иқбол, рӯҳи саршору тани нерӯманд ва пирӯзиҳову комгориҳои нав ба нав орзу намуд.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд кулли занони маорифчиёни вилоятро ба ифтихори ин ҷашн табрику таҳниятҳо гуфта, қайд намуд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.

Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» ва «Мураббияи соли Тоҷикистон», омӯзгорону мураббияҳои навовару пешқадам бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят ва Ифтихорномаю Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд тақдиронида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзои дастаи ҳунарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, хонандагони Мактаби Президенти шаҳри Бӯстон, ҳофизони мумтоз Носир Раҳимов, Аловаддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо, Махками Баҳриддин, Муҳсин Ахмедов, Рустам Азимӣ ва дигарон бо рақсу таронаҳои марғуб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *