Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 8 сен. 2024
19.6°C

Худжанд

ТАЪСИСЁБИИ МАКТАБИ ЗАХИРАИ КАДРҲО

ТАЪСИСЁБИИ МАКТАБИ ЗАХИРАИ КАДРҲО

Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон ва ҷалби онҳо дар фаъолияти сохторҳои идоракунии Иттифоқҳои касаба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баён доштанд, дар асоси фармоиши Раиси Шӯро аз 09.04.2024 таҳти рақами 38 дар заминаи Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос Мактаби захираи кадрҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят таъсис дода шуд.

Санаи 12 уми июли  соли равон дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд расмикушоди  курси омўзишии “Мактаби захираи кадрҳо” оғоз гардид.

Дар ҷамъомад Ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахрванди фахрии шаҳри Хуҷанд  Шуҷоат Ҳасанова, Ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори хизмати давлатӣ, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров – Шарипов Абдуҳаким Шарипович, собиқ раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Зокиров Саидбой Зокирович ва собиқадорони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят иштирок намуданд.

Нахуст раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Шарифулло Абдуллозода оид ба ҳадафи ташкил намудани курси омӯзишӣ ибрози назар карда қайд намуд, ки тарбия намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон ва ҷалби онҳо дар сохторҳои идоракунии Иттифоқҳои касаба мебошад.

Сипас, иштирокдорон аз таҷрибаи бойи худ роҳу усулҳои идоракунӣ сӯҳбат намуда, ҷавононро барои такмили дониш ва рушди фаъолияти меҳнатиашон ҳидоят намуданд.

 Шурӯъ аз ин рӯз нахустин машғулият аз рӯи барномаи таълимӣ оғоз гардида, он  то моҳи октябр идома меёбад.