Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 17 сен. 2024
28.6°C

Худжанд

Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода

Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода

СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ МЕҲНАТКАШОН

Таҷрибаи пешқадами иттифоқҳои касаба нишон медиҳад, ки меҳнаткашони кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, дар як вақт ин ташкилоти бонуфуз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоён ба меҳнат, дастрасӣ ба маоши арзанда ва рўзгори шоиста саҳми арзанда дорад.

Иттифоқҳои касаба дар асл ин ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии меҳнаткашон эътироф шудааст. Ин ташкилоти соҳибобрӯву бонуфуз пайи ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, дар радифи муттаҳидсозии меҳнаткашони соҳаҳои мухталиф таҷассумгари манфиатҳои табақаҳои гуногуни коргарон аст.

Мақсаду мароми ин ташкилоти бонуфуз мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, якпорчагии мамлакат, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, масъалаҳои иҷтимоии аҳли меҳнат, ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, сатҳи баланди зиндагӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон, интизоми хуби меҳнат, пешрафти истеҳсолот, таъмини коллективҳои меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ мебошад.

Чун анъана ҳар сол санаи 1-уми сентябр Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ ҷашн гирифта мешавад, ки ояндаи дурахшони кишвар аз ҳамдилию созандагии аҳли меҳнат сарчашма мегирад. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамарӯза ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳамнафаси аҳли меҳнати мамлакат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми октябри соли 2019 дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд: «Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд».

Иттифоқи касаба пайи ҳифзи меҳнаткашон кӯшиш ба харҷ дода, барои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат, таъмини ҳаёти арзанда саҳми назаррас доранд.

Изҳори боварӣ дорем, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳамкории созмонҳо, ҷамъиятҳо ва ҳизбҳои гуногун ва пеш аз ҳама, меҳнати бунёдкоронаи хурду бузурги ҷомеа мамлакати моро дар муддати начандон зиёд ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳоямон мерасонад ва Тоҷикистони азиз ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ   муборак!