Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 7 окт. 2024
26.14°C

Худжанд

ТААССУРОТИ МЕҲМОНОН АЗ ТАМОШОИ ҚАЛЪАИ ТАЪРИХИИ ХУҶАНД

ТААССУРОТИ МЕҲМОНОН АЗ ТАМОШОИ ҚАЛЪАИ ТАЪРИХИИ ХУҶАНД

Ҳайати гуруҳи меҳмонон аз Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Руссия аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

 Меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз гирифта, ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам намуд.

Сипас, Мирзоева Иноятхон - роҳбалади муассиса бо мақсади шиносои аз мероси гаронбаҳои таърихӣ - фарҳангии халқи тоҷик ошно гардонид. Ҳайати меҳмонон аз қалъаи таърихӣ ва толорҳои намоишӣ, ки муҳимияти таърихиро доранд дидан намуда, бо санъати тасвирӣ ва мардумӣ аз наздик ошно гаштанд. Ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки бо ороиши анъанаҳои миллии тоҷикона оро дода шудааст, шинос гардиданд.

Дар охир меҳмонон аз роҳбарияти муассисаи мазкур ҷиҳати татбиқи чунин иқдоми неки дӯстона ва истиқболи самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, туҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд.