Таҷлили Рўзи иттифоқҳои касаба дар соҳаи тандурустӣ
Дар идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рўзи иттифоқҳои касаба дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо иштироки фаъолон ва кормандони соҳаи тандурустӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ва муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳоҷибоев Маъруфҷон иштирок намуданд.
Сараввал раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоят Олимхоҷа Маллаев ҳозиринро бо Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуд. Дар баромадаш оиди таърихи фаъолияти иттифоқи касаба сухан карда, саҳми фаъолони иттифоқи касабаи соҳаро ном бурд, ки дар таҳкиму болоравии ҳаркати иттифоқҳои касаба баҳри хифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони соҳа фаъолияти назаррас доранд.
Инчунин собиқадорони иттифоқи касабаи соҳаи тандурустии вилоятро номбар намуд, ки барои рушди иттифоқи касабаи вилоят, омода намудани кадрҳои ҷавон хизматҳои шоён намудаанд.
Сипас Маъруфҷон Ҳоҷибоев - муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят ҳозиринро бо Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуда, барои фаъолияти минбаъда бурдборӣ таманно намуд.
Абдуллозода Шарифулло - раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба сухан баромада, аз ҷумла қайд намуд, ки Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят низ дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳамчунин ў иброз намуд, ки сол аз сол иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ фаъолияти худро ба замони муосир мутобиқ намуда, дар ҳифзи манфиат ва ҳимояи ҳуқуқҳои табибон ҳамвора талош меварзад ва дар баланд бардоштани мақоми табибон нақши босазо мегузорад.
Дар фарҷом фаъолон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.