Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 22 окт. 2024
12.6°C

Худжанд

Тағйирёбии иқлим ва гузариши “одилона”: Нақш ва амалҳои Иттифоқҳои касаба

Санаҳои 26-27 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳри Боку Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Тағйирёбии иқлим ва гузариши одилона: Нақш ва амалҳои иттифоқҳои касаба" аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии Меҳнат дар ҳамкорӣ бо Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон, Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқҳои касаба баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши бонуфуз намояндагони иттифоқҳои касабаи зиёда аз 60 кишварҳо, коршиносони байналмилалӣ ва сиёсатмадорон ширкат варзиданд ва перомуни масъалаи зикрёфта муколама ва баҳсҳои муфид ба амал оварданд. Иштирокдорон барои пайдо кардани роҳҳо ба ояндаи устувор дар заминаи таҷрибаҳои ташкилоти худашон ва бо назардошти шароити имрӯзаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон изҳори назар намуданд.

Дар радифи чанд нафар аз намояндагони кишварҳои дигар вобаста ба татбиқи идеяи гузариши «одилона» ҳамчун воситаи калидӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон дар шароити тағйирёбии иқлим раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода низ маърўза намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи Ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тағйирёбии иқлим ва андешидани чораҳои фаврӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Мавсуф гуфт, ки “маҳз бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани чандин барномаҳо аз қабили «Соли байналмилалии Оби тоза - 2003», Даҳсолаи байналмилалии фаъолият «Об барои ҳаёт, 2005-2010», «Соли ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи Об-2013», Даҳсолаи байналмилалии фаъолият «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дигарҳо аз ҷониби СММ ва Асамблеяи Генералии СММ қабул гардидаанд ва тамоми давлатҳои олам ҷонибдорӣ намуданд”

Шарифулло Абдуллозода ҳамзамон оиди тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» роҳандозӣ шудааст, ибрози ақида намуда, таъкид кард, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисодиёти «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сентябри соли 2022 қабул гардидааст, мавриди амал қарор дорад. Ҳамчунин вобаста ба панҷ марҳилаи тадбиқи ин ҳуҷҷати барномавӣ маълумот дод.

Дар баромади худ Ш.Абдуллозода оиди фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар тадбиқи санадҳои болозикр, мусоидат намудан оиди дарёфти роҳҳои муосири гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» ва дар ин раванд ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ибрози ақида намуд. Ҳамчунин оиди тадбирҳи зиёде, ки пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба болоравии сатҳи зиндагии сокинони кишвар андешида шуда истодааст, баён намуд.

Дар ҷараёни конфронс вобаста ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва қадамҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт муовини дабири кулли Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқҳои касаба Эрик Манзӣ, директори Бюрои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Михаил Пушкин ва директори Бюрои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба фаъолияти коргарон Мария Хелена Андре ва дигарон баромад намуданд. Иштирокчиёни конфронс ба хулосае омаданд, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҳамкории ҷаҳонӣ, ки зимни барномаи мушаххас ва нақшаи дурнамо сурат мегирад, ягона роҳи ҳалли мушкилот маҳсуб меёбад.