Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

СОЛИ 2024 - СОЛИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

СОЛИ 2024 - СОЛИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

Санаи 25.01.2024 дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти сарварии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҷаласаи васеи корӣ оид ба вазъи шарикии иҷтимоӣ дар вилоят баргузор гардид.  

 Дар кори ҷаласа Раиси Асосиатсияи соҳибкорони вилоят, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои вилоятӣ, аз ҷумла Раёсати иқтисод ва савдои вилоят, шўбаи саноат, Сарраёсати агентии омор дар вилояти Суғд, Раёсати андоз дар вилояти Суғд, Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд,  Сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раисони кумитаи соҳавии иттифоқҳои касабаи вилоят, раисони Шўрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касаба дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Анвар Яъқубӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки  дар вилоят рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ таъмин гардида, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии вилоят рў ба афзоиш дорад. Дар вилоят соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳо ба амал омаданд.

Ў иброз дошт, ки новобаста аз ин моро лозим аст, дар соли равон барои боз ҳам рушд намудани иқтисодиёт ва ба роҳ мондани шарикии иҷтимоӣ дар вилоят фаъолиятро пурзўр намоем.

Сипас, Шермуҳаммад Нодирӣ - Сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оиди фаъолият дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва рафти иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд» баромад намуда, оид ба муносиабтҳои меҳнатӣ дар вилоят, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба қайдгирии шартномаҳои коллективӣ ва дигарҳо ибрози ақида намуд.

Шарифулло Абдуллозода - Раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят баромад намуда, оиди натиҷаи иҷрои Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2021-2023, рафти иҷрои муқарароти Қодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии меҳнат, таъсиси ҷойҳои кории бехатар, таҳлили сабабу омилҳои пайдоиши  шуғли ғайрирасмӣ ва оқибатҳои он, рафти бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони масъули ҳифзи меҳнат ва дар ташкилоту муассисаҳои вилоят  андешаронӣ намуд.

Сипас, Анвар Яъқубӣ аз масъулони соҳа оиди камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани он пурсиш намуда, барои бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод. Инчунин оиди таъсис додани гурўхи корӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи вилоят ва санҷидани иҷрои муқарароти Қодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибати меҳнатӣ ва вазъи шарикии иҷтимоӣ, инчунин андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани норасогиҳои ҷойдошта супоришҳо мушаххас дод.

Бо ҳамин кори ҷаласа анҷом пазируфт.