Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

Шунавандагон соҳиби Шаҳодатнома гардиданд

Шунавандагон соҳиби Шаҳодатнома гардиданд

 Санаи 24 майи соли ҷорӣ гурӯҳи навбатии шунавандагон аз соҳаҳои мухталиф, ки аз ҷумла агросаноатӣ, савдо, тандурустӣ, сохтмон, саноат ва фарҳанг дар курси Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят аз рӯи барномаи таълимии “Ҳифзи меҳнат” баргузор гардид, соҳиби Шаҳодатномаи хатм гардиданд.

Шаҳодатномаро Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба 20 нафар хатмкунандагон супорид.

Инчунин, раиси Шӯро оид ба натиҷаи машғулиятҳои таълимӣ, нақшаҳои ояндаи рушди Марказ сухан ронда иброз намуд, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи донишу маҳорат ва малакаи кормандони соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ва минбаъд низ барои боз ҳам дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад ва барои ба анҷом расонидани рисолати худ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар фарҷом шунавандагон барои таъсиси курси мазкур изҳори сипосманди баён намуданд ва ба онҳо “Дастури методӣ” тақдим карда шуд.