Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
35.6°C

Худжанд

СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ

СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ

Санаи 14 феврали соли 2024 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд семинари омўзишӣ бо иштироки роҳбарон, сармуҳосибон, фаъолон ва аъзоёни иттифоқҳои касабаи соҳаи хоҷагии манзилию комуналӣ  баргузор гардид.

 Дар семинар  Қобилов Олимҷон Муҳаммадҷонович - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи  кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилоят оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” маърўза намуд.

Инчунин Содиқов Пӯлодҷон – сармуҳосиби намояндагии КВД хоҷагии манзилию коммуналӣ дар вилояти Суғд, Ғаффоров Абдурауф – нозири ҳифзи меҳнати кумитаи вилоятӣ ва Набиев Абдуғанӣ муовини Муассисаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон роҷеъ ба масъалаҳои бехатари ва ҳифзи меҳнат, шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ, таҳия қабул ва татбиқи шартномаи коллективӣ  ва дигарҳо баромад намуданд.

Дар фарҷом саволу ҷавоб оид ба таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ, созишномаҳо ва ҳуҷҷатгузориҳо доир гардида, аз тарафи масъулин посухҳои мушаххас дода шуд.