Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 8 сен. 2024
19.6°C

Худжанд

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ

Субҳи имруз дар доираи татбиқи дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо иштироки кормандон, мутахассисон, раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Аббосова Мухбира Ҳамитовна, мудирони шуьбаи ҳуқуқ - Бузуруков Иномхоҷа Атабекович ва ҳифзи меҳнати  Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Яъкубӣ Мухиддин Шавкат иштирок намуданд.

Мухбира Аббосова вобаста ба  эълон гардидани “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ” ва баргузории озмунҳои вилоятӣ баромад намуда, дар мавзӯи Дастурамали коргузорӣ, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аьзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо ибрози ақида намуд.

Сипас, Иномхоҷа Бузуруков дар бораи ҷараёни риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоӣ, бастани шартномаи коллективӣ ва шартномаи меҳнатӣ, нақш ва мавқеи иттифоқи касаба дар ҷомеа, пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ, истифодаи маблағҳои 1,5 фоиза, пардохти кӯмакпулӣ ва дастурамали тартиби корбурд бо дафтарчаҳои меҳнатӣ суханронӣ намуд.    

 Ҳамчунин, Мухиддин Яъкубӣ оид ба бехатарӣ ва хифзи меҳнат маърӯза намуд.

Инчунин, дар семинари мазкур нисбати Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқи касаба дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, нисбати муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ташкил намудани хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо маълумот дода шуд.

Дар фарҷом байни иштирокдорон мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваста, ба кори семинар хотима бахшида шуд.