СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ
Дируз дар доираи татбиқи “Соли 2024- соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ”, тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар хамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ашт дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт семинари дастурдиҳӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода чорабиниро оғоз намуда оиди баргузории семинар изҳори ақида карда барои ташкили ин чорабинии муфид арзи сипос намуд.
Сипас, роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Аббосова Мухбира баромад намуда, вобаста ба эълон гардидани “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ” ва дар ин радиф баргузории озмунҳои вилоятӣ ибрози ақида намуд. Инчунин дар мавзӯи Дастурамали коргузорӣ, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аьзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо марўза намуд.
Сипас, мудири шуьбаи ҳифзи ҳуқуқи Шӯро Иномхоҷа Бузуруков оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, танзими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо маърӯза намуд.
Ҳамчунин, мудири шўъбаи ҳифзи меҳнати Шӯро Мухиддин Яъкубӣ оид ба бехатарӣ ва хифзи меҳнат баромад намуд.
Сардори шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия - Қодиров Ҷавоҳир вобаста санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, тартиби таҳия, баимзорасонӣ ва бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ ибрози ақида намуд.
Дар фарҷом байни иштирокдорон мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваста, ба кори семинар хотима бахшида шуд.