Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Панҷшанбе, 21 ноя. 2024
8.6°C

Худжанд

РОҲНАМО ВА ҲОМИИ МИЛЛАТ

РОҲНАМО ВА ҲОМИИ МИЛЛАТ

Хизматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ, истиқлолияти миллӣ, созишномаи сулҳи тоҷикон, сиёсати ободониву созандагӣ басо арзишманду беназиранд.

Сарвари давлат на танҳо ҳамчун Роҳбари аввалмақом, балки ба ҳайси як фарзанди фарзонаи халқи тоҷик хизматҳои бузургро дар назди давлату миллат ба сомон расонидаанд. Бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасурӣ тавонистанд дар як муддати кўтоҳ харобиҳои ҷанги шаҳрвандиро ба ободиҳо табдил дода, кишварро аз вартаи ҳалокат берун оварда, халқи парешонгаштаро сарҷамъ намоянд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик хизматҳо ва роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарор кардани сулҳ, бунёди давлатдории миллӣ сабт ёфтаанд. Маҳз тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ Сарвари давлат барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт, оғози корҳои созандагию ободонӣ заминаи боэътимод гузошта, миллати азияткашидаи моро ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохтанд.

Дар тӯли 33 соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардидааст. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ гардида, дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошт. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ таъсис ва устувор гардонида шудаанд.

Хизмати таърихии Пешвои миллат пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифта, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифтанду оташи ҷанги дохилиро хомӯш, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароитро муҳайё, ислоҳоти конститутсиониро амалӣ, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд. Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кори саҳлу осон набуд.

Абармарди бузурги миллат шароитҳои арзандаи зисту зиндагиро дар ҳамдастиву якдилӣ бо ҳаммаслаконашон барои мову наслҳои мо муҳайё сохтаанд. Бесабаб нест, ки Сарвари кишвари азизи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ «Пешвои асри XXI» эътироф гардидаанд, ба қатори 500 пешвои мусулмонони ҷаҳон ворид шудаанд, бо медали тиллои «Ба шарафи таъмини устувории сулҳу ваҳдат байни халқҳо» шарафёб шудаанд, бо «Мукофоти сулҳ»-и Созмони Милали Муттаҳид қадр гардидаанд. Созмонҳои ҷаҳонӣ хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди тамоми соҳаҳо эътироф намуда, қадршиносӣ кардаанд.

Ҳар қадар солҳо гузаранд, ҳамон қадар аҳамияти бузурги паймони сулҳ, сабақу натиҷаҳояш бештар аён мегарданд ва беҳуда нест, ки сиёсатмадорону ҷомеашиносони ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро барои ҳаллу фасли бисёр низоъҳои миллӣ, даргириҳову ҷангҳои шаҳрвандӣ ба ҳайси таҷрибаи пешқадам эътироф намудаанд.

Имрӯз ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро ба ҳайси як дастоварди бузургу бебаҳои таърихи навини Тоҷикистон ҳифзу гиромӣ доранд. Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик тавассути сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида истодаанд.

Шараф ба абармарди бузурги миллат, ки чунин шароитҳои арзандаи зисту зиндагиро дар ҳамдастиву якдилӣ барои мову наслҳои мо муҳайё сохта истодаанд. Тамоми иқдому пайкори Пешвои миллат то имрӯз аз ватандориву ватанпарастӣ, созандагиву бунёдкорӣ, амнияту ободии халқу давлат шаҳодат медиҳанд. Имрӯз ҳар як пиру барнои тоҷикистониро месазад, ки аз чунин Пешвои миллат ифтихор дошта бошанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осуда кунанд, баҳри ободии диёри хеш камари ҳиммат бубанданд.

 

Шарифулло Абдуллозода,

раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд