ПАЁМИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АМАЛИЁТИ ИТТИФОҚИ КАСАБА БАРОИ СУЛҲ
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар баробари идҳои касбӣ 1 сентябр - Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат кулли кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаи кишвар, аз ҷумла иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро самимона табрик менамоям.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнату зиндагии мардум тадбирҳои пайваста ва судманд амалӣ мегарданд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҳар як ҷомеа неъмати бузург ва заминаи асосии пешрафту шукуфоӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои устувор роҳи созандагӣ ва рушди босуботро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, соҳибтамаддун ва ташаббускор шинохта шудааст.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ барои ободии Ватан ва таҳкими пояҳои истиқлолият саъю талош менамоянд. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолиро мо пеш аз ҳама ба фазои осудаву суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем.
Иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандон, беҳтар намудани шароити меҳнату истироҳат ва тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстӣ нақши муҳим доранд. Кормандон ва аъзои иттифоқҳои касаба дар ҳамбастагӣ бо аҳли меҳнат барои ободии Ватани азизамон бо азму иродаи созанда ва рӯҳияи баланди меҳнатдӯстӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Имсол таҷлили Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ ба рӯйдоди муҳими таърихӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ин санаи муборак барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносии миллӣ, сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик мебошад.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, мардум бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд, таҷлили Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ бозгӯи эҳтиром ба меҳнати созандаи инсон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли меҳнат ва ҷонибдорӣ аз сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.
Бо чунин ниятҳои нек, кулли кормандон ва аъзои иттифоқҳои касаба, фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба ва тамоми мардуми шарифи вилояти Суғдро ба муносибати Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ самимона табрик намуда, барояшон пеш аз ҳама саломатии комил, рӯзгори осуда, саодати хонаводагӣ, барори кор, неруи созанда ва дар фаъолияти меҳнатӣ дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.
Бигзор сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони маҳбубамон ҷовидонӣ бошад, осмони Ватан ҳамеша софу беғубор ва зиндагии мардум саршор аз файзу баракату хушбахтӣ бошад!
Ба кулли ҳамдиёрону ҳамкорони азиз, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ муборак бод!
Шарифулло АБДУЛЛОЗОДА,
раиси Шўрои иттифоқҳои
касабаи вилояти Суғд
Тоҷикӣ
Русский
English 

