Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
35.6°C

Худжанд

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО 

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО 

Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, сокинони маҳаллаи “Хуҷанд” ва аъзоёни иттифоқи касабаи соҳаҳои гуногун баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ дар бораи сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баромад намуда, татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро бар фоидаи кор донист. 

Дар баромади худ Мавсума Муинӣ доир ба дигар нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат низ маълумоти муфассал дод.

Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок ва баромад намуда, иброз дошт, ки Паём ҳамчун барномаи амал барои беҳбудӣ бахшидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. 

Дар фарҷоми мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, намояндаи соҳаи маориф ва сокинони маҳалла баромад намуда, барои баргузории чунин вохӯрӣ изҳори сипосманди баён намуданд.