Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 7 окт. 2024
26.14°C

Худжанд

МУРОҶИАТНОМАИ  Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба  соҳибкорон ва роҳбарони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилояти Суғд

МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба соҳибкорон ва роҳбарони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилояти Суғд

 Ҳамдиёрони азиз!

Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат иброз медоранд, ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида мешавад.

Дар ин раванд бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат 9 январи соли 2024 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» таҳти рақами №671 ба имзо расонида шуд, ки он баёнгари таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар мебошад. Ҷиҳати татбиқи Фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 январи соли 2024, №671 қабул гардид.

Мутобиқи ин санади давлатӣ аз 1 январи соли 2024 маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 фоиз, ҳамчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти идораи давлатӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуданд.

Инчунин, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 40 дарсад зиёд гардиданд.

Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад. 

Бо мақсади амалӣ намудани ин фармони Президенти кишвар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода корҳои зиёде иҷро гардида, барои пардохти саривақтии маоши кормандони муассисаҳои буҷетии вилоят тадбирҳо андешида шуда истодааст. 

Мусаллам аст, ки дар партави ғамхориву дастгирии навбатии Сарвари давлат роҳбарону муассисони ташкилоту коргоҳҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ, аз ҷумла корфармоён низ эҳсоси масъулият дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони худ беш аз пеш боло меравад ва дар ин самт ибтикороти тозаро зоҳир хоҳанд кард.

Дар заминаи ин амали дурбинонаву ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба кулли соҳибкорон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои вилоят муроҷиат менамояд.

Бо эътимоди хоса, бо назардошти масъулияти баланд ва эҳсоси ватандорӣ аз Шумо - роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои вилоят, новобаста аз шакли моликият даъват менамоем, ки дар пайравии ин сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, вобаста аз имкониятҳои молиявӣ музди меҳнати кормандони худро баланд бардошта, шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ ва моддиро барои онҳо фароҳам оред. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, дар навбати худ боиси рушди иқтисодиёт ва устувории иҷтимоии ҷомеа мегардад.

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд боварии комил дорад, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи сокинон ташаббуси одилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ мекунед ва бо ҳиммати баланд ва эҳсоси хайрхоҳонаи худ барои фардои обод ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузоред.

 

           Раёсати Шӯрои иттифоқҳои

          касабаи вилояти Суғд