МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ОҒОЗ ГАРДИД
Санаи 19 январи соли ҷорӣ машғулиятҳои навбатии курси такмили ихтисос дар мавзуи «Нақши иттифоқҳои касаба дар шаклдиҳии фазои мусоиди фарҳангӣ ва инноватсия» бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи фарҳанг оғоз гардид.
Машғулияти аввалинро Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ифтитоҳ намуда, дар баромади худ оид ба ҳадафҳои оинномавии Иттифоқҳои касаба, рисолати онҳо дар ҳифзи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии аъзои иттифоқҳои касаба, мукаммалсозии дониш дар самти истифодаи технологияи рақамӣ ва ба таври васеъ истифода бурдани он дар фаъолияти худ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигарҳо суханронӣ намуд.
Машғулиятҳо тибқи барномаи таълимии тасдиқгардида идома ёфта, дар онҳо омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Иттифоқҳои касаба ва муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят, аз ҷумла:
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуваҳҳоб Ваҳҳобов;
- номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Илҳомҷон Ҷамолиён;
- журналист, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Илҳомҷон Ҳошимов;
- номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ба шунавандагон дарс мегӯянд.
Дар анҷоми барномаи таълимӣ ва пас аз гузаштан аз машғулиятҳои санҷишӣ ба шунавандагон Шаҳодатнома супорида мешавад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

