Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 17 сен. 2024
28.6°C

Худжанд

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ   ШАҲРВАНДОН–САРЧАШМАИ  АСОСИИ ҶОМЕАИ  ҲУҚУҚБУНЁД

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН–САРЧАШМАИ АСОСИИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД

Ба озмуни "Беҳтарин мақолаи (маводи) сол"

 Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст; -«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Мафҳуми «ҳуқуқбунёд» маънои онро дорад, ки дар ҷомеаи демократӣ таҷассумкунандаи ҳуқуқи инсон қонун мебошад ва тамоми амалҳои ҷомеавӣ дар асоси низому тартиботи   қонунӣ арзи вуҷуд намоянд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олии ҷамъият мебошанд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон волоияти қонунро асоси инкишофи ҷомеаи ҳуқуқбунёд дониста, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Пешниҳоди Сарвари мамлакат аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони мамлакат  хуш пазируфта шуданд.  

Гузашти фосилаҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти инсон ди- гаргунҳои бешуморе эҷод мекунад. Зеро дар давоми фаъолияти меҳнатии худ дар ташкилотҳои комсомолию иттифоқҳои касаба, мақомотҳои комиҷрояи вилоятӣ ва кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ  ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ашхоси дороӣ касбу кори мухталиф, соҳибмаълумоту олим ва адиб, коргару деҳқон, роҳбару сарвар, дар маҷмӯъ бо шаҳрвандони мухталиф сарукор доштам, дар сӯҳбату маросимҳояшон будам ва аз рӯи вазифаҳои хизматй дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодй, истеҳсолию маишӣ, таълимию касбии онҳо мусоидат кардаам. Ҳар бор, ки дар сӯҳбату мулоқоти мардум мешудам, аз онҳо барои худ нуқтаву хулосаҳои муҳиму тоза мебардоштам, ки ҳар яке аз онҳо дар ҳалли масоили муҳими ҷамъиятӣ ва дарки мазмуну моҳияти ин масъалаҳо нақши муайян мегузошт.

Махсусан, давраи интихоботҳои Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (с. 1990), Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1995), Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллй бароям хеле хотирмону сабақандӯз буданд. Интихоботҳо ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва хам аз ҷиҳати фарогирии моҳияти сиёсии ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ мақоми хосаи таърихиро соҳиб буд, чунки он ба парламенти доимоамалкунандаи касбии миллӣ замина гузошт ва он саҳифаи навро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ намуд. Мардум равандаҳои демократии ҷомеаро хуш пазируфта, дар давраи интихоботҳои Президенти мамлкат, Маҷлиси Олии мамлакат ва ҳам маҷлисҳои маҳаллй фаъолона иштирок намуда, тақдири минбаъдаи хешро ба намояндагони ба тозагӣ интихобшуда пайвастанд. Дар гузоришу мақолаҳои  шахсони мутасаддӣ иштироки фаъолонаи вакилони мардумӣ ва парламенти ҷумҳурӣ дар ташаккули ҳаёти ҷамъиятию сиёсй, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тавассути таҳия ва қабули қонуну қарорҳои ҳаётан муҳим васеъ қайд шудаанд. Агар ба қонунҳои ҷадиди давраи соҳибистиқлолии Тоҷики­стон назар афканем, маълум мешавад, ки аксарияти онҳо хусусияти миллию халқӣ дошта, бо назардошти заминаӣ моддию техникӣ, имконияту шароитҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, мувофиқат ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмиллалӣ таҳия ва қабул шудаанд. Дастовардҳои бузурги ҳуқуқии мо ин ба тағйиру иловаҳо аз ҷониби халқ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.  

Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷойгоҳи шоистаи мақоми олии қонунгузорро дар инкишофи ҷомеаи ҳуқуқбунёд бо маврид қайд карда, зикр намуданд, ки «Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад...Зимнан, хотирнишон менамоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад. Ба шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем”.

Ба феҳрасти библиографии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, маълум мешавад, ки дар ҷараёни фаъолияти Парламенти касбӣ нисбати ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, масьалаҳои истеҳсоливу истеъмолӣ, хоҷагиву иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ қонунҳои конститутсионй, кодекс ва қонунҳои мукаммали соҳавӣ, санадҳои байналмилалӣ қабул гардидааст, ки онҳо ба ҳайси ҳуҷҷати асосии пешбарандаву танзимкунандаи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист, хидмат карда меоянд. Баъди ошноӣ бо феҳрасти мазкур   шахс ба андешае фурӯ меравад ва ҳамзамон аз худ суол мекунад, ки оё ҳамаи ин қонунҳо то ба самъи иҷрокунандаву истифодабаранда ва муҳофизаткунандаи ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандону ҷомеаҳои меҳнатӣ, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳову ҷамъиятҳо мерасида бошад ва вазъи маърифати ҳуқуқии мардум дар кадом сатҳ бошад? Бароӣ ҷавоб гуфтан ба ин саволҳо сӯҳбату мулоқот ва вохӯриҳои давраи интихобот ва шунидану ошно шудан ба арзу шикоятҳои мардум бароям зарур гардид, ки масоили мазкурро аз назари пайвастагӣ бо қонунгузорӣ таҳлил намоям. Аз рӯи собиқаи зиёди корӣ ва таҷрибаи зиндагӣ ба худ хулоса кардам, ки қонун дар лаҳзае барои шахс зарур мешавад, ки ӯ зарурати онро дарк намояд ва дар пайи ҳаллу фасли ягон масъалаи истеҳсоливу иқтисодӣ қарор гирад. Ҳамчунин дар ҳолате, ки шахс ба мушкилоти муайяне дучор мешавад, ки рафъи он дарку шинохти моҳияти ин ё он қонунро тақозо мекунад, ҳатман ба фаҳмиш ва маърифати моҳияти қонун рӯ меоварад. Дар ин замина бо ҳимоячӣ, машваратчии ҳуқуқӣ, ҳуқуқшинос, прокуратура ва суд, иттифоқи касаба, ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва вакилони пар­ламенту маҷлисҳои маҳаллӣ муроҷиат мекунад. Аммо равандҳои фаъолияти корӣ ва мушоҳидаҳои зиндагӣ собит менамоянд, ки ҳар як шахс аз насли наврас то куҳансолон бояд маълумот ё дониши умумӣ (оммавӣ)-и ҳуқуқӣ дошта бошад ва тавассути қонун ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашонро дифоъ намояд. Қонунҳои характери   умумию оммавидошта, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расму оин ва анъанаҳои мардумӣ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сиҳатии омма, таҳсилот, нафақа, маориф, суғуртаи давлатӣ, андоз, меҳнат, нақлиёт, алоқа, манзил, замин, гумрук, хизмати ҳарбӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, воситаҳои ахбори омма, сохибкорӣ ва дигарон мебошанд, ки таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба онҳо бештар аст ва дар асосу талабот ва нишондодҳои қонунҳои зикршуда зиндагиву фаъолият мебаранд. Аз ин рӯ донистани онҳо аз манфиат берун нест ва аз худ намудану омӯзиши ин қонунҳо барои ҳар як фард шарту зарур шуморида мешавад. Агар ба таърихи начандон дури ватанамон назар афканем, мебинем, ки дар ҷомеаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимию ҷойҳои истиқоматӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаи махсуси омӯзи­ши асосҳои ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқии меҳнаткашон амал мекард, университет ва мактабҳои ҷамъиятӣ (халқӣ)-и донишҳои ҳуқуқӣ фаъолият мебурданд, ки дар онҳо тамоми дараҷа ва зинаҳои аҳолӣ ҷалб гардида буданд. Ҳатто омӯзишу маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои асосии ҷомеаҳои меҳнатӣ дар радифи масъалаҳои истеҳсолию техникӣ, таълимию тарбиявӣ меистод ва дар ҷамъбасти фаъолияти солонаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо иштироки аъзоёни ҷомеаи меҳнатӣ дар омӯзиши ҳуқуқӣ ба назар гирифта мешуд. Корхонаҳои саноатӣ ё колхозу совхозҳо нақшаи истеҳсолиро иҷро карда бошанд ҳам, вале агар фарогирии кормандони он дар сохтори омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи поёнӣ бошад, ин ҷомеаи меҳнатӣ дар қатори корхонаву муасси­саҳои пешқадаму ғолиб ҷой намеёфт. Ин маънои онро дошт, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум баланд бошад, меҳнаткаш бояд аз қонунҳои мавҷуда баҳраманд гардад ва ҳуқуқҳои қонуниашро дониста, масъулияти шахсиашро барои иҷрои он эҳсос намояд. Ҳаргиз аз хотирам ҷаласаи бюрои кумитаи вилояти Ленинободии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, ки дар он вазъи омӯзиши ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар яке аз корхонаҳои саноатии аҳмияти умумииттифоқӣ дошта баррасӣ гардид, намеравад. Бюро барои дар ҷомеаи меҳнатӣ нокофӣ ташкил намудани омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар байни коргарон ба роҳбари аввали он (шахси хеле бообрӯ ва соҳибэҳтироми ҷумҳурию умумииттифоқ) ҷазои ҳизбӣ дод ва ба вай мӯхлат муқаррар намуд, ки маърифати хуқуқӣ ва иқтисодии кормандони корхонаро аз рӯи талаботу нишондодҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва ҳукуматӣ ташкил намояд. Дар он давра омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии ҳамаи табақаҳои ҷамъият дар мадди назари роҳбарони аввали мақомотҳои ҳизбию давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, иттифоқи касабаю комсомолӣ, шӯроҳои занону комитетҳои маҳаллаҳо меистод, яъне кулли роҳбарону коргузорон масъули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ буданд.

Дар ҳаёти имрӯзаи мо ҳам баланд бардоштани масьулияти роҳ­барони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ, махсусан мактабҳои оливу миёнаи касбӣ ҷавобгӯи гузориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мебошад.Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон то чӣ андоза муҳим будани сатҳи саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандонро дар чандин машварату мулоқотҳои умумиҷумҳуриявӣ, баромаду суханрониҳои мухталиф, сӯҳбатҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таъкид кардаанд, ки ин амр ба таваҷҷӯҳи махсуси мақомоти раҳбарии кишвар ба масъалаи болоравии маърифати ҳуқуқии ҷомеа ишорат мекунад. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат, ки пешрафти ҷомеа, бунёди ҷомеаи шахрвандӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявиро дар дараҷаи баланди шуурнокии ҳуқуқии мардум дониста, дар Паёми хеш ба Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардаанд;

-“Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад...Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.

Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.

Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Ба андешаи ман ин гуфтаву нишондоди маърифатандӯзи Сарвари давлат ҳамчун барномаи амалии ҳар як шахси роҳбар дар баланд бардоштану такмили маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд қарор гирад.

Омӯзиш ва пурсишҳои сотсиологӣ оид ба вазъи қунунии пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо нишон медиҳад, ки аксарияти ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби шаҳрвандон дар заминаӣ надонистани қонунҳо ба амал омадааст ва инчунин аён гардид, ки нисфи зиёди дар пурсиш иштироккунандагон саводи умумии ҳуқуқӣ надоранд ва қонунҳои асосие, ки барои фаъолияти ҳаррӯзаашон муҳиманд, намедонанд. Дар моддаи 42-и Конситутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конситутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд, ки ҳар як шаҳрванд қонунҳои мавҷударо бояд донад ва фаъолияти хешро дар асоси онҳо ба роҳ монад. Роҳбарону шахсони масъул вазифадоранд, ки дар дастрас намудану фаҳмонидани қонунҳо ба шаҳрвандон ёриву мадад расонанд. Барои ин, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо идораҳои маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ, дар сохтори мақомотҳои давлатӣ шӯъбаҳои ҳуқуқӣ, корхонаву муассисаҳои калонтарин ҳуқуқшинос таъсис дода шудааст. Инчунин фаъоли­яти як қатор ташкилоту ассосиатсияҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ низ барои баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона гардидааст.

 Вақтҳои охир ташкилотҳои ғайридавлатӣ нисбати омӯзишу ҳифзи ҳуқуқҳои занон, ҷавонон, соҳибкорон, кӯдакону наврасон марказҳову ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд ташкил намудаанд, ки онҳо низ дар баландшавии сатҳи ҳуқуқии дараҷаву табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ саҳмгузор ҳастанд. Вале фаъолияти аксарияти онҳо дар шаҳрҳои калон ва дар баъзе марказҳои алоҳидаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки тарбияи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳо дар сатҳи лозима ташкил нагардидааст. Тавре ки дар боло зикр гардид, давраи тайёрӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, мулоқоту сӯҳбатҳо нишон дод, ки ин кори ниҳоят муҳими сиёсӣ, яъне ташкили омӯзиши ҳуқуқии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо беҳбудӣ мехоҳад. Ҳарчанд   вакили Маҷлиси намояндагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонун дар бораи интихобот барои ҳалли масьалаҳои хоҷагӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ вазифадор нест, аммо дар вохӯриву сӯҳбатҳо интихобкунандагон масъалаҳоеро мебардоштанд, ки иҷрои онҳо бевосита ба мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ, корхонаву хоҷагиҳо вобастагӣ доштанд. Пешниҳоду дархост, таклифу хоҳиши интихобкунандагон оид ба сохтмони варзишгоҳ, гирифтани таҷҳизоти замонавӣ барои беморхонаҳо, сохтмони мактаби миёна ва таъмири бинои  муассисаҳои фарҳангӣ, бо китобҳои тозанашр таъмин намудани китобхонаҳо, бо китобҳои дарсии забони ӯзбекӣ ва компютер таъмин намуда­ни мактаб,  таъмир намудани роҳи нақлиёти миёни деҳаҳо ва ғайра хеле бамаврид буда, ҳалли онҳо ногузиранд.  Мар­дум вохӯриҳои пешазинтихоботиро имконияти хуб дониста, ба­рои ҳалли масьалаҳои ободонии маҳалҳо, таъмини аҳолӣ бо барқ, таъмири муассисаҳои маърифативу сиҳатии омма ва фароғатӣ, роҳ, самаранок истифода бурдани имкониятҳо ва иқтидори корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҷудо намудани участкаҳои наздиҳавлигӣ, бо кори ҷамъияти ҷалб намудани ҷавонон, музди меҳнат, нафақа, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ дар равандҳои ғайридавлатӣ гардонидани объектҳои хоҷагии халқ истифода кардаанд. Ин амал дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маъракаи интихобот ба чашм мерасид.

    Дар баробари ин, аз сабаби дар сатҳи даркорӣ қарор надоштани дастрасӣ ба қонунҳо роҳбароне низ ҳастанд, ки дар ҳалли масъалаҳои хоҷагию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ ба бюрократизм, коғазбозӣ машғул шуда, хоҳиши мардум ва манфиатҳои қонунии онҳоро саривақт ҳал намекунанд. Ҳадаф аз ин сарзаниш танҳо иборат аз танқид кардан нест, балки ҳушдор карданӣ ҳастем, ки имрӯз муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву истеҳсолӣ дар ҷомеа куллан тағйир ёфтааст. Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки ҳар як роҳбар савияи дониш, маҳорати касбӣ ва маърифати ҳуқуқии хешро баланд бардорад, дар асоси қонун ҷомеаи меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро таъмин намояд.

Зиндагии ҳаррӯза нишон медихад, ки шахсе мехоҳад ба соҳибкорӣ машғул шавад, аз сабаби надонистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фаъолияти соҳибкории хурду миёна ба душвориҳои хуҷҷатгузорӣ, ба харҷи зиёди иқтисодӣ ва сарсониҳои идоравӣ гирифгор мешавад ва дар натиҷа фикрашро дигар мекунад. Соҳибони корхонаҳои хусусӣ ё хоҷагиҳои деҳқонӣ, тоҷирон, кормандони муассисаҳои хидмати маишӣ, чун ошхонаву сартарошхона, таксирон ва пойафзолдӯзон аз тафтишгарону нозирон, назоратчиёну андозситонони расмию ғайрирасмӣ ба дод омада, аз баҳри фаъолият мебароянд ва ба кори беқайди давлатӣ мераванд. Ин ҳама аз бехабарии ин табақаҳои аҳолӣ аз Кодекси андоз, қо­нунҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, меҳнатӣ ва соҳиб­кории фардӣ cap мезанад.

Дар канори баҳси ин масъала таъкид намудан зарур аст, ки яке аз масъалаҳои дигари марбут ба ин зиёд шудани ришвахорӣ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Ин нуқта борҳо ҳам дар суханрониҳои Пре­зидента мамлакат Эмомалӣ  Раҳмонов таъкид гардидаааст. Дар Паёми навбати ҳам ин нуқсонҳои ҷойдошта чунин зикр гардид;

-“Дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд.

Таъкид менамоям, ки бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар мебошад”.

Бо назардошти ин амр чанде қабл тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коррупсия» қабул шуд ва амалигардии қонуни мазкур тақозои онро мекунад, ки тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолй дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.

Қонунҳои иқтисодиву молиявӣ  ва назоратию тафтишотӣ имкон медиҳанд, ки дар заминай фаҳмиш ва дарки дурусти онҳо барои пешгирии нофаҳмиҳои зиёд ва cap задани ҳар гуна амалиёти беру- ниқонунӣ шароит фароҳам ояд. Шахсе, ки аз қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумат огаҳ нест, вай наметавонад фаъолияти тиҷоративу соҳиб- кориашро ривоҷ диҳад ва дар ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ саҳмгузор бошад. Барҳақ, Президенти мамлакат Э.Ш. Раҳмонов дар Паёмашон нисбати ривоҷи соҳибкорӣ қайд намудаанд:

-“Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд”.

Роҳбари давлат барои ин амали нек   ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор  карданд. Ҳамзамон Сарвари давлат Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Омӯзиш собит менамояд, ки имрӯз асосҳои қонунии фаъолияти соҳибкорӣ ҳанӯз ба таври кофӣ мукаммал нагардидаанд ва ҳамин номукаммалй боис ба cap задани нофаҳмиҳо ва эҷоди монеаҳои пешраф мегардад. Аз сӯи дигар, баланд бардоштани маърифати ҳукуқии ашхоси ба ин навъи фаъолият мағшулбуда имкон медиҳад, ки мо бештару пештар дар ривоҷу равнақи он, муваффақ шудан ба дастовардҳои назаррас ша­роит фароҳам оварем.

Тавре ки илми муосир ва таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ собит кардааст, кишваре, ки дар он омӯзиш ва риояи қонун ва маърифатнокии ҳуқуқӣ дар сатҳи ҳокимияти иҷроияи давлатӣ қарор дорад, рушди истеҳсолот ва иқтисодиёти мӯътадил низ дар он ба даст меояд. Зеро дарки асосҳои қонунии ҳар навъи фаъолият метавонад, ки пешрафти воқеии онро таъмин намояд. Вобаста ба ин зарур аст, ки имрӯз   Барномаи сеюм- «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599)    ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба таври шоиста ба маҳалли иҷро гузошта шавад ва аз ҷониби дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, яъне дар вилояту шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки оид ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад, ки то ҳар як қонун ва қарори қабулшуда то ба самъи мардум, махсусан ниёзмандон бирасанд.

Бо ин мақсад хуб мешуд, ки дар маҳалҳо марказҳои маърифати ҳуқуқӣ таъсис дода шавад ва ин марказ бо китобу адабиётҳои соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, қонунҳои Парлементи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири қонунҳо, рӯзномаҳои даврӣ, маводҳои машваратӣ таъмин карда шаванд. Дар ин марказ нуҳтаҳои махсуси навбатдории ҳуқуқшиносон бо мақсади дастурдихӣ ва машварат ба аҳолӣ таъсис ёбанд.

Таҷрибаи хуби Хукумати вилояти Суғд оид ба гузаронидани ҳафтаи китобҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят интишор ёбад. Дар робита ба таъсиси ин марказҳо бояд қайд намоям, ки таҳлили ваъзи қунунии китобхонаҳо ва муносибати аҳолӣ бо санадҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки ҳолати мавҷуда ҷавобгӯи талабот нест. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар  баъзе китобхонаҳо ҳатто Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо кардан душвор аст.

Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баробари ба  барномаи таълими ворид намудани фаннӣ «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар низоми китобхонаҳо» сатҳи болоравии маърифати ҳуқуқии донишҷӯён назаррас гардид. Хуб мешуд, ки  дар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус фанҳои алоҳида оиди омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ ворид карда шаванд.   Вобаста ба ин, хуб мебуд, агар нашри адабиёти соҳаи ҳуқуқӣ бо теъдоди зиёд ба роҳ гузошта шавад ва дар тамоми мар­казҳои илмиву фарҳангӣ, донишкадаву донишгоҳо, китобхонаҳо ройгон тақсим карда шавад. Ин кор таҳкурсии қавиеро дар раванди болобардории маърифати ҳуқуқии ҷомеа пайрезӣ хоҳад кард.

Аз ҷониби дигар, Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи супориш ва нишондоди Президенти мамлакат Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон қо­нунҳо эҷод намоянд, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ ва амнияти мардум мусоидат кунад ва манфиатҳои ҷомеаро ҳифз намояд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як  шаҳрванд, мутахассис ва корманди муассисаву ташкилотҳо, корхонаҳои саноативу кишоварзӣ барномаи амал ва дастури фаъолияти босамар  дар   пешбурди мамлакат  ва эҷоди муҳити комили болобардорандаи шуур ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа бошад.  

 

Нодирҷон Солиҷонов,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

собиқадори хизмати давлатӣ