Маҳфили «Шоири фарзонаи дил» бо Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона
Дар идомаи ҷашнҳо ба муносибати 24-октябр рӯзи Иттифоқҳои касабаи кишвар бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабиву илмии «Шоири фарзонаи дил» баргузор гардид.
«Шоири фарзонаи дил» унвон гирифтани маҳфили номбурда аз он сарчашма мегирад, ки зери ин унвон китоби шоири номдор устод Фарзона ба табъ расида, ва ба аҳли илму адаб, суханварону донишмандон, устодону донишҷӯён, хулоса ҳаводорони шеъри ин бонуи мумтоз муаррифӣ карда шуд.
Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов, оғоз бахшида, тамоми меҳмононро хайрамақдам гуфт ва дар мавриди мақому манзалати Шоир ва шеъри ӯ изҳори назар кард
Баъдан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҷибой Султонӣ дар бораи шери Фарзонабону самимона сухан намуда, аз номи роҳбарияти мақомоти вилоят бо ба чоп расидани китоби навбатиро самимона муборакбод гуфт. Дар идома мавсуф назари худро оид ба шеъри волои шоира баён кард ва муҳимтарин вежагиҳои осори ӯро тавзеҳ дод.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода нахуст ҳозиринро бо санаи таърихӣ 24-уми октябр Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт ва зикр намуд,ки маҳфили адабиву илмии “Шоири Фарзонаи дил”, ки ба фаъолияти Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Устод Рӯдакӣ Устод Фарзона бахшида мешавад, бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардида истодааст. Дар идома тазаккур дод,ки “Устод Фарзонаи Хуҷандӣ аз зумраи суханварони ҷаҳонӣ ҳастанд ва он касро на танҳо мардуми кишвар балки тамоми форсизабонони олам чун суханвари мумтоз, шоири фарзонаи дилҳо, шахсияти нотакрор мешиносанд ва ба заҳматҳои беандозаашон дар ҷодаи шеъру адаб эҳтиром мегузоранд.”
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар бораи шӯҳрати ҷаҳонии устод Фарзона сухан карда, мавқеи суханварро дар мавриди роҳандозӣ намудани сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи адабиёт изҳори назар кард. Ӯ гуфт,ки шоири якдилу якзабону якрӯи тоҷик Фарзона дар ҳама ҳолу замон ба Ватану диёр, арзишҳои миллӣ, сиёсати ҳукумату давлат содиқ аст ва осори бебаҳояш дар худшиносии миллии тоҷикон нақши бориз дорад. Маликшо Неъматзода “Ифтихорнома”-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳхат ба осоишгоҳроба шоира тақдим кард.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюбҷон Усмонзода, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод, доктори илмҳои филология, профессор Умеда Ғаффорӣ, дар суханрониашон аз сифатҳои шоирӣ, вижагиҳои ашъораш изҳори назар намуданд.
Китоби тозанашри “Шоири фарзонаи дил” аз ҷониби профессор Нуралӣ Нурзод ниҳоят фаҳмову пурмуҳтаво ба ҳозирин муаррифӣ гардид. Ин китоб бо дастгирии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Ношир” чоп шудааст. Дар китоб шеърҳо дар васфи шоира аз 110 нафар суханварони форсу тоҷики муосир ҷамъ оварда шудааст. Мураттиби китоб Фараҳноз Каримзодаа мебошад,ки ӯ низ дар маҳфил оид ба ҳадафи таҳияи китоб изҳолри назар намуд
Шеърхонии донишҷӯён аз ашъори шоир табъи ҳозиринро болида гардонид. Дар охири чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона суханронӣ намуда, чанд шеъри худро қироат намуд ва сипоси бепоёни худро ба ҳозирин расонид.
Дар рафти маҳфил Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов барои хидматҳои шоёнашон дар ҷодаи фарҳанг се нафар фаъолони иттифоқҳои касаба аз ҷумла Раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода, муовини Раиси Шӯро Толибҷон Оқилов ва сардабири “Кошонаи умед” Мунисахон Ишоноваро бо Ҷоизаи “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонид.
Суруду оҳангҳои дилнавоз аз эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз ҷониби сарояндагони хушадо Муҳиддин Ғозиев, Шӯҳрат Набиев ва Ҳалимҷон Салимӣ, табъи аҳли нишастро шод гардонид.