
КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ОҒОЗ ГАРДИД
Машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Ҳифзи меҳнат” оғоз гардид.
Ба машғулиятҳо омӯзгорон ва муҳандисони техникаи бехатарӣ, устоҳои Литсейи касбӣ-политехникии шаҳри Хуҷанд ва масъулони ҳифзи меҳнати корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мухталиф ҷалб карда шуданд.
Машғулиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ баргузор гардида, пас аз хатми машғулиятҳо ба шунавандагон Шаҳодатнома супорида мешавад.