Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ОҒОЗ ГАРДИД

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ОҒОЗ ГАРДИД

Машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос аз санаи 20 майи соли ҷорӣ оғоз гардид.

Ба машғулияти навбатӣ 20 нафар масъулони ҳифзи меҳнати корхонаю ташкилотҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ ҷалб карда шуданд.

Мудири шӯъбаи Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Шӯро Маҷидзода Муҳаббат машғулиятро оғоз намуда, оид ба ҳадафи таъсиси Марказ ва самтҳои фаъолияти марказ, истифодаи усулҳои муосири таълимӣ ва баланд бардоштани донишу малака ва такмили ихтисоси масъулони бехатарии меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо амалӣ намудани усулҳои муосири фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар шароити имрӯза сухан ронд.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ Қобилов О.М. қайд намуд, ки дар амалӣ намудани муносибатҳои меҳнатӣ, ташкили бехатарии меҳнат дар ҳамаи ташкилоту муассиса ва иҷрои талаботи моддаи 350-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд.

Машғулиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ баргузор гардида, пас аз хатми машғулиятҳо ба шунавандагон Шаҳодатнома тақдим мегардад.