Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 15 март. 2025
9.6°C

Худжанд

КУМИТАИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ КОРКУНОНИ СОХТМОН ВА САНОАТИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

КУМИТАИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ КОРКУНОНИ СОХТМОН ВА САНОАТИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

 Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории вилояти Суғд дар конференсияи вилоятии иттифоқҳои касаба 19 ноябри соли 1971 ташкил шудааст.

         Раиси аввалини кумитаи вилоятӣ Темиров Дадоҷон – хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон, муҳандиси сохтмон, аз соли 1971 то соли 1983 буд. Давомдиҳандаи таҷрибаи бойи ӯ марҳум Дадобоев Абдусаттор Абдуваҳҳобович аз соли 1983 то моҳи декабри соли 2006 фаъолият бурда, дар ташкил ва фаъолияти самараноки иттифоқҳои касабаи корхонаҳои соҳавии вилоят саҳми калон гузоштааст.

Дар мустаҳкам намудани шароити молиявии кумитаи соҳавии вилоят хизмати шодравон Ҷалолов Ғаниҷон низ калон аст. Ў аз соли 1987 то моҳи декабри соли 2009 дар вазифаи мудири шӯъбаи молия кор кардааст. Масъалаҳои саривақт дастрас намудани роҳхатҳо ба осоишгоҳу фароғатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи бачагона мароми ӯ буд.

         Роҳбарии кумитаи вилоятиро аз соли 2007 то соли 2019 шодравон Ахмедов Насим Абдуазизович дастпарвари Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт. Ў солҳои тӯлонӣ дар идораҳои ҷавонон, ҳизбӣ ва роҳбари ташкилоти сохтмонӣ кор карда, обрӯю эътибори хосаро соҳиб гаштааст ва ҳамеша нисбати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, риояи техникаи бехатарӣ ва сари вақт пардохт намудани моҳонаи коргарони ташкилотҳои сохтмон ҷаҳду талош дошт. Яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи сохтмон ва сифати он ин сари вақт тайёр намудан ва ба воя расонидани мутахассисони ботаҷриба буд. Аз ин лиҳоз, махсус бо ташаббуси ӯ аз соли 2007 сар карда, зиёда аз 15 нафар сохтмончиёни вилоят барои гирифтани таҷриба ба муассисаҳои сохтмонии штатҳои Амрико сафар карданд.

         Нозири меҳнати кумита Шарипов Абдушукур хатмкардаи соли 1977 Институти политехникии Тоҷикистон буда, дар ҳамаи соҳаҳои сохтмон фаъолият бурда, барои беҳтар шудани ҳифзи меҳнат дар корхонаю ташкилотҳои соҳаи вилоят саҳмгузорӣ намудааст. Бо иштироки ӯ дар корхонаҳо омӯзиш ва санҷиши коргарону кормандони муҳандисӣ-тахникӣ оиди ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ гузаронида мешуданд. Санҷиши ҳодисаҳои нохуш ба таври мушаххас гузаронида шуда, сабабҳои асосии он пурра ва равшан инъикос мегардад. Аз соли 2019 то инҷониб дар ин вазифа Бобоев Самъидин Басирович хатмкардаи Институти Политехникии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатӣ мебарад.

         Аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи январи соли 2021 вазифаи раиси кумитаро Исоев Абдумубин Аскарович ба ӯҳда дошт. Аз санаи 13 январи соли 2021 Раҳимов Расул Бобоҷонович раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории вилояти Суғд мебошад.

Айни замон Кумитаи вилоятӣ 88 ташкилотҳои ибтидоиро бо фарогирии 1884 нафар аъзоён муттаҳид менамояд.