Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 7 окт. 2024
26.14°C

Худжанд

ИТТИФОҚ ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲО

ИТТИФОҚ ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲО

 Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Шўрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, ҳайати меҳмонон бо сарварии муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск Киселев Алексей Михайлович ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Баъди пазироии гарму самимии мизбонон нимаи дуюми рӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят вохӯрӣ ва шиносоӣ бо раисони кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули дастгоҳи Шўрои Иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва минтақаҳои он сол то сол инкишоф ва таҳким ёфта, дар бисёр самтҳои фаъолият ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилоят маълумот пешниҳод намуд.

Дар робита ба ин муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск низ дар баромади худ бобати ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, нақшаҳои минбаъда ва ба иҷро расонидани Созишномаи ҳамкорӣ ибрози назар кард.

Дар фарҷом байни иштирокдорон табодули таҷриба ба миён омада, аз ҷониби меҳмонон ва роҳбарияти Шӯро туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Сипас меҳмонон бо фаъолияти Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, синфхонаҳои таълимӣ аз наздик ошно гардида, бо омӯзгорони марказҳои номбурда суҳбати озод намуданд.