ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РЎЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба иди касбӣ “Рўзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр” чорабинии идона доир гардид.
Дар ин чорабинӣ собиқадорони соҳа, фаъолон, меҳмонон ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврони Абдуқодир иштирок намуданд.
Шарифулло Абдуллозода - раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирокдоронро бо Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуда, таъкид намуд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол санаи 24 октябр ҳамчун “Рўзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон” қайд карда мешавад. Инчунин оиди фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят ибрози ақида намуд.
Сипас, муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврон ҳамаи иштирокчиёнро аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми аъзои иттфоқҳои касабаи вилоятро табрику таҳният намуд. Инчунин оиди ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Шўрои иттифоқҳи касабаи вилоят ва дастовардҳои Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти тадбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии коргарон сухан кард.
Баъдан раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба сухан баромада, ҳозиринро бо “Рўзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон” табрик намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки имрўз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят зерсохтори он ба ҳисоб меравад, яке аз ташкилотҳои ҷамъиятии бонуфузи кишвар ва қисми таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Мавсуф таъкид намуд, ки сол аз сол иттифоқи касабаи вилоят фаъолияти худро ба замони муосир мутобиқ намуда, дар ҳифзи манфиат ва ҳимояи ҳуқуқҳои аъзоён ҳамвора талош меварзад ва дар тадбиқи ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодии давлат пайваста нақши босазо мегузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор сарварони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолон, ки ба болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми арзандаи худро гузоштанд, бо медали “Барои шарикии иҷтимоӣ”, нишони сарисинагии “Фаъоли иттифоқи касаба”, Ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд қадрдонӣ намуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Инчунин ғолибони озмунҳои вилоятиро, ки санаи 20 сентябри соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида буд, бо Диплом ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамчунин як қатор собиқадорони Иттифоқҳои касабаи вилоят бо туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврони Абдуқодир тақдим карда шуд.