ЧОРАБИНӢ ДАР САРРАЁСАТИ ОМОРИ ВИЛОЯТ
Бахшида ба Рўзи иттифоқҳои касаба дар Сарраёсати омори вилояти Суғд бо иштироки фаъолон ва кормандони соҳа чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ Ҷамолов Хайруллохон иштирок намуданд.
Сараввал Ҳокимбек Накҳатзода ҳозиринро бо Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуда, қайд намуд, ки воқеан Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқҳои меҳнатии аъзои худро ҳимоя намуда, ҳамеша дар паҳлӯи коргарони корхонаву ташкилотҳо истода ҳуқуқҳои онҳоро аз ҳама ҷиҳат ҳифз менамоянд. Инчунин иброз намуд, ки Кумитаи иттифоқи касабаи Сарраёсати омори вилоят бо Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят баҳри ҳимояи манфиатҳои меҳнаткашон ҳамкории зичро ба роҳ монда, минбаъд низ барои пешравии фаъолият саҳм мегузоранд.
Ҳамчунин Хайруллохон Ҷамолов - раиси Кумита сухан карда ҷиҳати ҳамкории зич бо Иттифоқҳои касабаи вилоят изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар фарҷом фаъолон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.