Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 17 сен. 2024
28.6°C

Худжанд

Чорабинӣ  бахшида ба "Рўзи кормандони соҳаи тиб" ва  "Рўзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ"

Чорабинӣ бахшида ба "Рўзи кормандони соҳаи тиб" ва "Рўзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ"

Дируз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” ва “Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ» чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Обидзода Нумон Юлдошӣ, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят - Ҳоҷибоев Маъруфҷон Юсуфҷонович иштирок ва баромад намуданд.

Чорабиниро раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят - Маллаев Олимхоҷа Масёевич ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо иди касбӣ муборакбод намуд.

Сипас, Нумон Обидзода баромад намуда ҳозиринро аз номи Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Иди касбӣ ва «Рўзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ» муборакбод намуда, зикр кард, ки ҳаракати иттифоқҳои касаба дар радифи муттаҳидсозии меҳнаткашони соҳаҳои мухталиф метавонад имрӯз таҷассумгари манфиатҳои табақаҳои гуногуни коргарон бошад. Имрӯз, танҳо иттифоқҳои касаба ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии меҳнаткашон эътироф шудааст. Аъзои иттифоқи касаба чун кулли мардуми Тоҷикистон барои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат, таъмини ҳаёти арзандаи бошандагони ин сарзамини куҳанбунёд заҳмат мекашанд ва ҷиҳати ба ояндагон боқӣ гузоштани Ватани ободу осуда ва арзандаи ифтихору дӯстдорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар фарҷом фаъолони иттифоқи касаба, бо Ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Нишони сарисинагии «Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нишони сарисинагии «90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кадрдонӣ гардиданд.  

Дар фарҷом Маъруфҷон Хоҷибоев ҳамаи иштирокдорон ва мукофотонидашудагонро муборакбод намуд.