Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ

Санаи 31 майи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ, фаъолон ва собиқадорон чорабинии тантанавӣ бахшида ба иди касбӣ “Рўзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Федератсияи иттфоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Файзизода Исмоил Нарзӣ ва Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ширкат варзиданд.  

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии маишии вилояти Суғд Қобилов О.М. сухани ифтитоҳӣ намуд.

Сипас, муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Файзизода Исмоил Нарзӣ баромад карда, ҳамаи иштирокдоронро бо иди касбӣ муборакбод намуд.  

Ҳамчунин, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода зимни суханронӣ ҳамаи иштирокдорон ва кулли кормандони соҳаи хоҷагии манзилию комуналиро бо иди касбӣ муборакбод намуда,  иброз дошт, ки маҳз бо шарофати хизматҳои назарраси кормандони соҳаи хоҷагии манзилию комуналӣ шаҳри азизамон  рӯз  аз рӯз  ободу зебо гардида, дар радифи таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо гулзоркунии кӯчаву хиёбонҳо, гулгашт ва шафати роҳҳои назди бино давом дорад, ки дар он саҳми кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ калон мебошад.

Дар охир фаъолон ва собиқадорони соҳа бо Ифтихорномаҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ қадрдонӣ гардида, инчунин ба хатмкунандагони курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ки кормандони соҳаи мазкур мебошанд,  Шаҳодатнома супорида шуд.