Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

БОЗДИД АЗ РАФТИ ОМОДАГӢ  БА ИСТИРОҲАТИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН   ДАР ТОБИСТОНИ СОЛИ 2024

БОЗДИД АЗ РАФТИ ОМОДАГӢ БА ИСТИРОҲАТИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН ДАР ТОБИСТОНИ СОЛИ 2024

 Дирўз  гурӯҳи кории  Ситоди Ҷумҳуриявии  «Тобистон-2024» доир ба ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024, Сафарзода Хушбахтшо - сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзизода Исмоил - муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз вазъи омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боздид намуданд.

 Аз ҷумла ба вазъи омодагии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии  шаҳру ноҳияҳои вилоят «Маркази солимгардонии Суғд» воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, истироҳатгоҳи ҶДММ «Шоҳин» воқеъ дар шаҳри Гулистон ва Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и воқеъ дар ноҳияи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардиданд.

Ба истироҳатгоҳҳо дастур дода шуд, ки оид ба таъмини иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024» ҷиҳати ташкили самараноки  солимгардонии кўдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, дар давраи истироҳати кўдакон ва наврасон ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон,  бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сўхтор ва тарбияи ватандўстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мунтазам вохўрию суҳбатҳо ташкил намоянд.

Таъкид, гардид, ки барои фарогирии кўдакону наврасон аз ҷумлаи ятимону бепарастор, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, оилаҳои камбизоат, хонандагони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба истироҳатгоҳ диққати махсус зоҳир намуда, шароити мусоиду беҳтарро барои истироҳати кўдакон ва наврасон дар тобистони соли 2024 фароҳам оваранд.