Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 июн. 2025
БОЗДИД АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ

БОЗДИД АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ

Ҳайати меҳмонон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия аз иншоотҳои таърихӣ ва мавзеъҳои  сайёҳии вилояти Суғд дидан намуданд.

Меҳмонон дар доираи сафар бо имкониятҳои сайёҳӣ, муассисаҳои истироҳатию солимгардонӣ, аз ҷумла “Боғи миллии Ваҳдат”,   истироҳатгоҳи "Шоҳин БМТ",  Осоишгоҳи “Соҳил” ва дигар иншоотҳои истироҳатӣ, ки дар шафати “Баҳри Тоҷик” ҷойгир шудаанд, ташриф оварда, вобаста ба ҳамкориҳо дар ин самт андешаҳои худро иброз намуданд.

Хамчунин меҳмонон аз иншоотҳои меъморию таърихӣ, ба монанди бозори “Панҷшанбе” ва масҷиди “Шайх Маслиҳатдин” дидан намуда, аз таърих ва фарҳанги ниёгони халқи тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.