Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 17 сен. 2024
28.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ

БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ

Дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят санаи 29 августи соли 2024 дар маркази шаҳри Ҳуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш - фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Дар ярмарка, ҷойҳои кории холӣ мувофиқи ташкилоту муассисаҳои вилоят пешкаши корҷўён гардонида шуд.

Инчунин, намояндагони Нерўгоҳи барқи обии «Роғун», корхонаи муштараки «Ориён Ҷей Текстил» ва дигарҳо ҷойҳои кории худро муаррифӣ намуданд.

Кормандони Шӯрои иттитфоқҳои касабаи вилояти Суғд низ дар ин ярмарка иштирок намуда, варақаҳои тарғиботӣ ва ҷойҳои холии кориро барои шаҳрвандон пешниҳод намуданд.

Дар ярмарка зиёда аз 660 нафар корҷўяндагон иштирок намуда, ба самъи онҳо аз ҷониби сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 2812 ҷойҳои кории холӣ бо музди маоши 800 то 3500 ва аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” 1519 ҷойро бо музди маоши аз 1500 то 5000 сомонӣ пешниҳод намуданд.

Дар натиҷа аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” барои кор 72 нафар шаҳрвандон номнавис гардида, аз ҷониби мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бо ҷойи корӣ таъмин шудан дар соҳаҳои гуногун ба 65 нафар бекорон роҳхати бокортаъминшавӣ дода шуд.