Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 22 окт. 2024
22.6°C

Худжанд

Баргузории раёсати васеи кумитаи вилоятӣ

Баргузории раёсати васеи кумитаи вилоятӣ

 Санаи 25 июни соли равон дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷаласаи раёсати васеи кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа раиси кумитаи ҷумҳуриявии комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ Сафарович ва роҳбари дастгоҳи раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Аббосова Мухбира Ҳамитовна иштирок намуданд. Нахуст раиси кумита Абдулатиф Устобоев љаласаро ифтитоҳ намуда, масъалаҳои муҳокимашавандаро ба самъи ҳозирин расонид. Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 муовини раиси кумита Ҳотам Раупов баромад намуд. Сипас, Шарипов Исмоил – мудири шуъбаи ташкилӣ ва ҳуқуқи Кумитаи Марказӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баромад намуд. Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ҳамчунин, Мухбира Аббосова табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонид. Дар анҷом, Миралӣ Сафаров оид ба пешбурди фаъолияти соҳа ибрози назар намуд ва барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат ба чанде аз собиқадорони соҳа меҳрномаи кумитаи ҷумҳуриявӣ ва кумитаи вилоятӣ тақдим карда шуд.