БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ ШЎРО
Санаи 8 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи Шӯро, ҷамъбасти фаъолияти Шӯро дар нӯҳ моҳи соли 2025, ҷамъбасти мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025, рафти иҷрои Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6 дар ташкилотҳои ҳамузви Шўро, рафти обуна ба рӯзномаҳои даврӣ барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш Оқилов Т.Д. аз вазифаи муовини раиси Шўро озод карда шуда, дар мувофиқи бо Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Яъқубӣ М.Ш. муовини раиси Шӯро интихоб гардид.
Оид ба натиҷаи фаъолияти Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум муовини аввали раиси Шӯро Обидзода Н.Ю. баромад намуда, оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилоят дар ин давра ҳисобот дод.
Оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025 Оқилов Т.Д. маърўза намуд.
Оид ба рафти иҷрои Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6 ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят Маллаев О.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилоят Қобилов О.М. ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории вилоят Раҳимов Р. шунида шуд.
Инчунин, рафти рафти обуна ба рӯзномаҳои даврӣ барои соли 2026 дар ташкилотҳои ҳамузви Иттифоқҳои касабаи вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рӯзнома, раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода аз шахсони масъул оид ба самтҳои баррасишаванда пурсишҳо ба амал оварда, барои бартараф намудани норасогиҳои ҷойдошта ва бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намудани соли 2025 вазифагузорӣ намуд.
Аз рўи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

