Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 8 сен. 2024
19.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ ШЎРО

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ ШЎРО

Санаи 5 июли соли 2024 дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯро баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласа аъзоёни раёсат, кормандони масъули Шӯро ва дигар шахсони масъули ба масъалаҳои баррасигардида вобаста иштирок намуданд.  

Дар Раёсат масъалаҳои зерин:

- ҷамъбасти фаъолияти Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2024;

- рафти иҷрои “Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2024-2026” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

- рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024 №99 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024»;

- иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024 «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- тасдиқи нақшаи кори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2024;

- масъалаҳои ҷорӣ

 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо раиси Шӯро аз масъулон пурсишҳо ба амал оварда, барои бартараф намудани комбудиҳо ва вусъат бахшидани фаъолият дастуру супоришҳо дод.

Аз рўи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бо ҳамин кори ҷаласа хотима ёфт.