Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ  КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ

Субҳи имруз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд раёсати кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят баргузор гардид.

 Дар кори Раёсат Оқилов Толиб Дадоҷонович - муовини раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва омўзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Санавваров Ғолибҷон оид ба нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд. 

Оид ба тарғиб ва тадбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз он бармеояд, оид ба “Соли шарикии иҷтимоӣ эълон намудани соли 2024” ва баргузор намудани озмунҳои вилоятӣ баррасӣ гардиданд.

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд Хайруллохон Ҷамолов зимни суханронӣ қайд намуд, ки  соли сипаришуда рафти бастани шартномаи коллективӣ дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои вилоят дида баромада шуда, ҳамзамон риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.