Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ  КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ

Санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Раёсати васеъи кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа Абдулатиф Устобоев – раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд Юлдошев Рустам-дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров оид ба нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуда, зимни суханронӣ дар бораи сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ибрози ақида намуданд.

Сипас, Ҳотам Раупов – муовини раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд оид ба шарикии иҷтимоӣ эълон намудани соли 2024, иҷроиши буҷа, ҷамъбасти ҳисоботи омории сохторҳо, баргузор намудани озмунҳои вилоятӣ ва нисбати паст кардани сатҳи қарздории музди меҳнат дар соҳаи комплекси агросаноатӣ баромад намуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба иштирокдорон маводҳои методӣ ва шакли чопии Паём дастрас карда шуд.