Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 фев. 2026
БАРГУЗОРИИ ПЛЕНУМИ КУМИТАИ СОҲАВӢ

БАРГУЗОРИИ ПЛЕНУМИ КУМИТАИ СОҲАВӢ

Санаи 15 январи соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори Пленум раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон иштирок намуд.

 Дар Пленум ду масъала: андешарониҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баррасӣ гардид.

Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода баромад намуда, доир ба нуктаҳои асосӣ, самтҳои афзалиятнок ва дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда ибрози андеша намуд. Ў даъват ба амал овард, ки кормандон ва фаъолони иттифқҳои касаба оиди то ба тамоми қишрҳои аҳолӣ бурда расонидани моҳияти Паём ва тадбиқи он дар амал тадбирҳо андешанд.

Оид ба масъалаи дуюм Раиси Кумита Қобилов О.М. ҳисобот дода, натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025-ро таҳлил намуда, вазифаҳои асосӣ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаро барои соли 2026 муайян намуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сипас ба хатмкунандагони курси такмили ихтисоси  Иттифоқҳои касабаи вилоят Шаҳодатнома супорида шуд.

Дар фарҷом, ба собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.