БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТИИ ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТ»
Санаи 8 июли соли 2026 дар Маҷмааи варзишии «Суғд Арена»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба шоҳмот ва шашка байни кормандони ташкилоту идораҳо ва корхонаю муассисаҳои вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Раиси вилоят» баргузор гардид.
Дар мусобиқа дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳои вилоят дастаи варзишгарони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд низ иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа байни бонувон намояндаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ходжаева Зуфнуна дар намуди шашка маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид. Ба ғолиб диплом, ҷом ва туҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Дар анҷоми мусобиқа ба ҳамаи ғолибон барои иштироки фаъолона изҳори сипос карда шуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

