Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 17 сен. 2024
28.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

Санаи 22 августи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд машғулияти навбатии мактаби захираи кадрҳои назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар машғулият вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ, мудири бахши васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - Салимзода Мадина дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромад намуд.

Зимни баромад қайд кард, ки Қонуни мазкур дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир дорад. Таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз албатта вазифаи ҷонии падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва давлат ба шумор меравад. Масъулият доштан дар тарбияи фарзанд як эҳсоси махсусест, ки дар рафтори волидайни бедордил ва ҳар шахс гузошта шудааст.

 Байни шунавандагони курси мазкур доир ба ин мавзӯъҳо саволу ҷавоб ба миён омада, онҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.