Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 8 дек. 2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

Санаи 25 июли соли 2024 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд машғулияти навбатии мактаби захираи кадрҳои назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи  вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар машғулият устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров - Солиҷонов Нодирҷон оид ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва роҳбари Хадамоти фарҳангиву эҷодии “Корбар”, номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, - Саидов Саидумрон дар мавзӯи “Забони давлатӣ ва санъати суханронӣ” маъруза намуданд.

 Шунавандагони курси мазкур низ доир ба ин мавзӯъҳо фикру назари хешро иброз намуданд.