Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 17 сен. 2024
28.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

Санаи 29 июли соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд машғулияти навбатии мактаби захираи кадрии назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар машғулияти навбатӣ собиқадори хизмати давлатӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров - Шарипов Абдуҳаким Шарипович дар мавзӯи “Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ" маърўза намуд.

Сипас, муовини директори ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» Бобоҷонова Сабоат Мансуровна оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила” баромад намуд.

Дар фарҷом машғулият байни шунавандагон бо саволу ҷавоб, муҳокима ва баҳсу мунозираҳо хубу хотирмон гузашт.