Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 17 сен. 2024
28.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос санаҳои 19 – 27 августи соли ҷорӣ гузаронида шуд. Ба машғулияти навбатӣ масъулони ҳифзи меҳнати корхонаю ташкилотҳо, аз ҷумла ҶДММ “Орди фатир”, ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, ҶДММ “Ситораи Тоҷ” ва муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда шуданд.

Мудири Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Шӯро Маҷидзода Муҳаббат машғулиятро оғоз намуда таъкид кард, ки тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани муносибатҳои меҳнатӣ, ташкили бехатарии меҳнат дар ҳамаи ташкилоту муассиса ва корхонаҳои вилоят шахсони масъул фаъолият мебаранд ва тибқи талаботи моддаи 350-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд.

Дар машғулиятҳо омўзгорони пуртаҷриба, аз ҷумла Саидов Саидаҳрор, Ибрагимов Султонхоҷа, Муҳиддин Якубӣ, Бузуруков Иномхоҷа, Очилова Фирӯза, Зикирёев Юнусхӯҷа ва Исломзода Алишер доир ба амалӣ намудани муносибатҳои меҳнатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ташкили бехатарии меҳнат дар ҳамаи ташкилоту муассиса таъмини иҷрои талаботи моддаи 350-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо маърўза намуданд.

Машғулиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ баргузор гардида, пас аз хатми машғулиятҳо ва бо муваффақият аз санҷиш гузаштан ба шунавандагон Шаҳодатнома супорида мешавад.